Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
«Дар Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ дорад»
Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳимми сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад. (Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон).
Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд шукр аз он намоем, ки 6 ноябри соли 1994 ҳама якдилона дар раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул кардем ва дар он иброз намудем, ки: «Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».
Дар зери мафҳуми Конститутсия дар илми ҳуқуқшиносӣ одатан қонуни асосии давлат фаҳмида мешавад, ки дар он мувофиқи иродаю манфиати қувваҳои сиёсии дар ҷамъият ҳукмрон асосҳои сохтори давлатӣ муқаррар карда шудааст. Конститутсия аз калимаи лотинии «constitutio» гирифта шуда, маънояш сохт ва муқарраркунӣ, барпо намудан, бунёд гузоштан, таъсис додан мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади тақдирсозу муътабар қабул гардидааст ва тӯли 32 сол мешавад, ки мавриди амал қарор дораду ба халқи Тоҷикистон асосҳои адолати ҳуқуқиро пешбинӣ намуда, хизмат менамояд.
Дар ин муддат амалишавии Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари тољик тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин намояд.
Барои халқи тоҷик боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин конститутсияҳо дар ҷаҳон пазируфта шуда, аз се як ҳиссаи он пурра ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст ва давлат ба он кафолат медиҳад.
Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми кишвар мебошад.
Аз ин ҷиҳат 6 ноябри соли 1994 барои тамоми мардуми тоҷик, яке аз рӯзҳои таърихию тақдирсоз мебошад, зеро маҳз дар хамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ дар Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки имсол 32-солагии онро ҷашн мегирем.
Таърих баён менамояд, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имрӯз, панљ маротиба, яъне солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсияҳои гуногун қабул гардидаанд, вале Конститутсияе, ки айни ҳол амал мекунад аз конститутсияҳои қаблӣ фарқ дорад, зеро меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёри ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Инчунин, Конститутсияи айни замон амалкунанда дар тафовут аз қонунҳои асосии пешинаи Тоҷикистон нахустин конститутсияест, ки бевосита аз ҷониби халқ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, яъне дар таърихи давлатдории тоҷикон аввалин маротиба ҳамраъйии халқ вобаста ба масъалаи асосҳои сохтори конститутсионӣ, хусусият, сохтор ва таркиби давлат, вазъи ҳуқуқии инсон, иттиҳодияҳои онҳо, асоси иқтисодии давлат, самтҳои асоси сиёсати хориҷӣ, ҳамзамон ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар ин санад ифода гардидааст.
Бояд қайд кард ки ба Конститутсияе, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ яъне 6 ноябри соли 1994, қабул гардидааст, то имсол ба он се маротиба 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи райпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.
Пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб намуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шавад ва он ба талаботҳои давру замон ва байналмилалӣ мувофиқ гардонда шавад.
Бо ин мақсад, бори якум 26 сентябри соли 1999 бо мақсади ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои мубрами рӯз, ки дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 ба имзо расидабуд, тағйиру иловњо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба 31 моддаи Констиутсия тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.
Бори дуюм 22 июни соли 2003 бо маќсади арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мӯҳлати ваколати Президент, мӯҳлати ваколатҳои судяҳо ва муқаррароти интиқолӣ ва таҳриру тасҳеҳ, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба 56 моддаи Констиутсия тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.
Бори сеюм 22-майи соли 2016, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти рушди забони давлатӣ, баинобат гирифтани қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, зарурат пеш омад, ки матни Конститутсия, истилоҳо ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида, вожаву таркибот тибқи меъёрои он дақиқ навишта шаванд. Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ин ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад ва ин навбвт ба 41 банди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони тағийру иловаҳо ворид карда шуд.
Бояд қайд кард, ки дар њар даврае, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст, дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил меёбад ва баланд бардошта мешавад ва барои рушди соҳаҳои сиёсӣ, иктисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад, ки ин пеш аз ҳама самараи заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи Тоҷикистон мебошад.
Волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҷзияи ҳокимият, масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахсият нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд мебошанд.
Мустақиман амал кардани меъёрҳои Конститутсия, ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ эътироф шудани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ташкили Суди конститутсионӣ як қатор шарту омилҳои дигари муҳими давлати ҳуқукбунёд аз ҷумлаи ҳамин кафолатҳо мебошанд.
Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.
Таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳимми сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад.
Дар баробари ин, Конститутсияи мо аз таҷрибаи пешқадами конститутсионализми давлатҳои мутараққии дунё низ баҳраи фаровон гирифтааст. Беҳуда нест, ки он аз ҷониби созмонҳои бонуфуз ва коршиносони маъруфи ҷаҳон аз ҷумлаи конститутсияҳои беҳтарин ва демократӣ эътироф шудааст.
Пас вазифаи асосии мо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин эҳтиром ба ин санади тақдирсозу муқаддас мебошад. зеро он ҳуқуқу озодиҳои ҳар кадоми моро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, ҳифзи қонунии як силсила ҳуқуқҳои фитрии инсон, аз ҷумла дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус, инчунин озодии виҷдону эътиқод ва дигар ҳуқуқу озодиҳои моро кафолат медиҳад.
Аз ин лиҳоз, риояи Конститутсия ва таъмини волоияти қонун вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди бонангу номус мебошад.
Хуршед Давлатов, роҳбари намояндагии ВҲИ дар в. Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР 15:00ХАТЛОН: ТАЪИНОТИ КАДРӢ 14:55ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК ДАР ХАТЛОН 14:51ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК 14:45БАРГУЗОРИИ ПАРАДИ НИЗОМӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК 14:41КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ ВОЛОМАҚОМИ МИЛЛАТ ВА ШОҲСУТУНИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ 14:37«Дар Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ дорад» 14:33РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТҲОИ ЧИНӢ МУЛОҚОТ АНҶОМ ДОД 14:30
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД



