Бойгонӣ
Октябрь 2026 (46)
Сентябрь 2026 (26)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)

ДАР НОҲИЯИ ЁВОН 10 ИНШООТИ ТОМАКТАБӢ БУНЁД МЕШАВАД

Бо мақсади рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон, дар ноҳияи Ёвон бунёди 10 иншооти томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин хусус аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба "Сафо" иттилоъ доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки 22 октябр дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон мулоқоти раиси ноҳия Вализода Икромиддин бо намояндаи «Лоиҳаи инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон»-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди соҳаи маориф, аз ҷумла тавсеаи инфрасохтори таҳсилоти томактабӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва зиёд намудани фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабиро баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки дар доираи нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва бо мақсади таҳкими заминаи моддию техникии соҳаи маориф, дар панҷ соли оянда, то ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия сохтмони 10 иншооти томактабӣ пешбинӣ шудааст.
Татбиқи ин иқдом имкон фароҳам меорад, ки шароити таълиму тарбияи кӯдакон беҳтар гардида, фарогирии онҳо ба таҳсилоти томактабӣ афзоиш ёбад. Ҳамзамон, бунёди иншооти нав барои таҳкими заминаи моддию техникии соҳаи маориф ва фароҳам овардани имкониятҳои бештари рушди кӯдакон дар марҳилаи аввали ҳаёт мусоидат хоҳад кард.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои баррасишуда ва ҳамоҳангсозии тадбирҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи нақшаҳои пешбинишуда мубодилаи афкор намуданд.

С. СУЛТОНОВ
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019