Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО РОҲБАРИ ТАШКИЛОТИ СОҲИБКОРИИ «ТАШАККУЛИ НАВ» МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРИРО БАРРАСӢ НАМУДАНД
БОХТАР, 22 октябр. Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест–2026» раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Президенти Ташкилоти умумиҷамъиятии умумиорусиягии соҳибкории хурду миёнаи «Новая Формация» Юрий Рачикович Айрапетян мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармояи Русия ба иқтисодиёти вилояти Хатлон ва роҳандозии лоиҳаҳои муштараки соҳибкориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки вилоят дорои имкониятҳои васеи сармоягузорӣ буда, барои рушди соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва густариши ҳамкориҳои судманд бо шарикони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 16 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи лоиҳаҳои нав идома дорад.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рушди саноат ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, саноати дорусозӣ, воридоти маҳсулоти истеҳсоли Русия ба бозори Тоҷикистон ва содироти маҳсулоти ватанӣ ба бозорҳои Русия баррасӣ шуданд. Ҳамчунин, ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкориро дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ, логистикаву нақлиёт ва дигар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
Юрий Рачикович Айрапетян ба густариши робитаҳои соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо вилояти Хатлон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, омодагии худро барои баррасии имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак баён дошт.
Ташкилоти «Новая Формация», ки соли 2016 дар Федератсияи Русия таъсис ёфтааст, ба дастгирии соҳибкорӣ, рушди робитаҳои тиҷоратӣ, ташкили ҳайатҳои соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориву содиротӣ машғул мебошад. Ташкилот дар 63 минтақаи Русия намояндагиҳои сохторӣ дошта, дар 43 давлати хориҷӣ намояндагони худро дорад.
Мулоқоти мазкур барои муайян намудани самтҳои нави ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, густариши робитаҳои соҳибкорони Тоҷикистону Русия ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилояти Хатлон заминаи мусоид фароҳам овард.
Интизор меравад, ки рушди ҳамкориҳои дуҷониба ба таъсиси корхонаҳои муштарак, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, тавсеаи содирот ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар вилояти Хатлон мусоидат намояд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11ДАР НОҲИЯИ ЁВОН 10 ИНШООТИ ТОМАКТАБӢ БУНЁД МЕШАВАД 12:07ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 12:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
МАРДИ МЕҲНАТ
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ




