Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
«Хатлон Инвест – 2026»: имкониятҳои нав барои сармоягузорӣ
БОХТАР, 22 октябр. Имрӯз дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» оғоз гардид. Ҳадафи асосии ҳамоиш муаррифии имкониятҳои сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ мебошад.
Дар форум намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд, ширкатҳои сармоягузории ватаниву хориҷӣ ва доираҳои соҳибкорӣ иштирок доранд.
Ҳамоиш бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон оғоз ёфта, дар давоми ду рӯз иштирокчиён бо имкониятҳои иқтисодию сармоягузории минтақа шинос мешаванд.
Дар доираи форум баргузории се панели соҳавӣ дар назар аст. Онҳо ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, коркард ва содироти маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза, рушди саноат ҳамчун омили пешбарандаи иқтисодиёт, инчунин истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва рушди логистика бахшида мешаванд.
Ҳамзамон, масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, тавсеаи инфрасохтори логистикӣ ва афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ баррасӣ мегарданд.
Яке аз бахшҳои муҳими форум баргузории мулоқотҳои мустақими соҳибкорону сармоягузорон дар шакли B2B ва баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои сармоягузорӣ мебошад. Ин имконият фароҳам меорад, ки робитаҳои тиҷоратӣ густариш ёфта, барои татбиқи лоиҳаҳои нави иқтисодӣ замина гузошта шавад.
Дар рӯзи дуюми форум меҳмонону иштирокчиён ба шаҳри Норак сафар намуда, дар Фестивали «Анор» иштирок мекунанд. Ҳамчунин, боздид аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар барномаи сафар пешбинӣ шудааст.
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» ба муаррифии иқтидори иқтисодии вилояти Хатлон, ҷалби сармояи нав, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фароҳам овардани замина барои рушди устувори иқтисодии минтақа равона гардидааст.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11ДАР НОҲИЯИ ЁВОН 10 ИНШООТИ ТОМАКТАБӢ БУНЁД МЕШАВАД 12:07ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 12:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ




