Шуҳрати оламгири Камоли Хуҷандӣ

Бахшида ба 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ

Боиси ифтихор аст, ки бо ибтикори Пешвои маҳбуби миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон мардуми куҳанбунёди мо 700-солагии шоири маъруф ва ғазалсарои мумтоз – Камоли Хуҷандиро бо эҳтироми хоса ҷашн мегиранд.
Оре, имрӯзҳо ғазалҳои пурмазмуну дилошӯби ин булбули хушилҳоми адабиёти тоҷик дар ҳамаи чорабинию анҷуманҳо вирди забони мардум гардидааст.Чи тавре, ки худи ӯ гуфтааст:
Олам сухани Камол бигрифт,
Имрӯз чун ин сухан сухан нест.

Камоли Хуҷандӣ (Камолуддин Масъуд) соли 1318 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ба дунё омадааст. Айёми кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоиаш дар Хуҷанд гузаштааст.
Ӯ баъдтар таҳсилашро дар Самарқанд идома бахшида, муддате дар Тошканд низ истиқомат намудааст. Камоли Хуҷандӣ марди бисёр фозилу бомаърифат буда, бо истеъдоди фавқуттабиӣ аксари илмҳои замони худ – таърих, фиқҳ, калом, ҳикмат, тафсир, забону адабиёти араб, ҳадису тасаввуфро аз худ намуда, инчунин аз илмҳои зироат ва боғдорӣ низ бохабар будааст. Баъди таҳсили илм ба сафари хонаи Каъба (Ҳиҷоз) рафт ва дар бозгашт дар Табрез (пойтахти Озорбойҷони Эрон) монд.
Тазкиранависон бар он ақидаанд, ки сабаби дар Табрез мондани Хоҷа Камол хубии боду ҳавои он шаҳр будааст. Зиндагии шоир дар ин шаҳр ба осудагӣ мегузашт. Баъдтар подшоҳи дашти Қипчоқ Тӯхтамишхон ба Табрез ҳуҷум карда, онро талаю тороҷ менамояд. Тӯхтамишхон дар қатори дигар ғаниматҳои худ шоири забардаст Камоли Хуҷандиро низ ба шаҳри Сарой (наздикии Астрахани имрӯза) бурд. Вай аз Сарой аввал ба Шероз рафтанӣ будааст. Вале меҳру дидори дӯстони табрезӣ ва аҳли хонаводааш ӯро ба Табрез овард.
Камоли Хуҷандӣ чун шоири ватандӯст ҳеҷ гоҳ зодгоҳи азизи худ Хуҷандро аз ёд набароварда, ҳамеша аз он, меваҳои шакаринаш, кӯҳи рӯ ба рӯи он Мевағул (кӯҳи Муғули имрӯза) ёд мекард. Тамоми умр аз хуҷандӣ будани худ фахр мекард:
Бо лутфи табъ мардуми Шероз аз Камол,
Бовар намекунанд, ки гӯям: -Хуҷандиям!

Ӯ шахси пок ва бетамаъ буда, ба дари ягон давлатманд нарафт ва барои тамаъ ба касе мадеҳагӯӣ накардааст:
Дасти султонон намебӯсад Камол,
Нест султонро ба дарвеш эҳтиёҷ.

Устод Садриддин Айнӣ оид ба ашъори пурғановати Камоли Хуҷандӣ бамаврид гуфтааст: «Камол устоди бузурги забон аст, ӯ дар аксар байтҳои худ як ё ду сухани думаънидор ё ки чандинмаънодорро чунон устокорона кор мефармояд, ки бо гирифтани ҳар кадоми он маъниҳо мазмуни он байт пурра мебарояд»:
Дилам аз шамъи рухат дар табу тоб аст имшаб,
Ҷонам аз наргиси масти ту хароб аст имшаб.
Тани ранҷури ман аз дасти дилу дида чу шамъ,
Гоҳ дар оташу гаҳ бар сари об аст имшаб…

Камоли Хуҷандӣ шоири нозукбаёну хуштабъ аст. Ҳар як байти ӯ мазмуни баланд ва маънии бузург дорад.
Масалан дар яке аз ғазалҳояш омадааст:
Рӯят гули сероб нагӯем, чӣ гӯем?
Он лаб шакари ноб нагӯем, чӣ гӯем?
Он зулфи камандафкану рухсори ҷабинро,
Дузди шаби маҳтоб нагӯем, чӣ гӯем?
Тафсири ду абрӯи ту, к-он сураи «Нун» аст,
Пайваста ба маҳтоб нагӯем, чӣ гӯем?
Дидем шабе чашми ту, ҷуз фитнаву тороҷ,
Таъбири чунин хоб нагӯем, чӣ гӯем?...
Чун қасди Камол аз ғазал он сурати зебост,
Шеъри тари чун об нагӯем, чӣ гӯем?

- Камоли Хуҷандӣ яке аз барҷастатарин устодони назм мебошад. Ғазалҳои ӯ равон ва хушоҳанг буда, баъзе аз онҳо бо мавзӯъ ва мазмуни худ ғазалҳои Ҳофизро ба хотир меоранд… Комёбии бас пурарзиши ин давра (асри ХIV) ғазалиёти Ҳофиз ва Камол буданд,- чунин андешаи назир намудааст Аллома Бобоҷон Ғафуров дар бораи ашъори рангину дилнишини Хоҷа Камол.
Дар ғазалҳои диловези худ Камоли Хуҷандӣ фасли баҳору канори обу лаби ҷӯй, тарона ва бодагусориро, ки нишоти зиндагиро ифода мекунанд, бо маҳорати баланд тасвир карда, инсонро ба баҳра гирифтан аз неъматҳои дунёӣ тарғиб менамояд:
Канори обу лаби ҷӯйбору гӯшаи боғ,
Хуш аст бо санами сарвқад ба шарти фароғ.

Устоди сухан, шоири ширинкалом Камоли Хуҷандӣ зимни ғазалҳои лирикӣ ба масъалаҳои иҷтимоӣ дахл намуда, риёву тазвир, обидону зоҳидон, шайхону муршидони авомфиреб, ҳилагарии муфтиву муҳтасибони шаҳр ва дигар мансабдоронро фош карда, нобаробарии иҷтимоиро ба зери танқид гирифтааст:
Соқӣ бодаву нуқл ор, ки шуд навбати он,
Ки дигар рӯза хӯрему ғами рӯзӣ нахӯрем.
Паст шуд ғулғули тасбеҳу таровеҳу ҳанӯз,
Ба ҳаққи рӯза, к-аз он валвала бо дарди сарем.
Рӯза хурдему қасам ҳам ба намози ту, Камол,
Ки дигар дарди сари хеш ба масҷид набарем.

Сабку услуби Камоли Хуҷандӣ ниҳоят ҷолиби таваҷҷуҳ мебошад. Ӯ суханҳои ширин, ибораҳои зебо, калимаҳои мутаносиб ва таъбирҳои ширини халқиро чунон моҳирона истифода бурдааст, ки шеърҳои ӯро хеле пурмаъною хушоҳанг гардондаанд.
Беҳтарин ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ чун дигар шоирони маъруф ба мавзӯи дӯстӣ бахшида шудааст. Ӯ суҳбати дӯстро биҳишт, нуқли зиндагонӣ, хоки дари ёрро аз гулшани ҷаннат беҳтар меҳисобад ва ӯро анису мунис ва калиди хушбахтиҳо ва рафъи ноумедиҳо медонад:
Дӯст медорад дилам ҷабру ҷафои дӯстро,
Дӯсттар аз ҷону сар дарду балои дӯстро.
Заҳмати худ бо табиби муддаӣ хоҳам намуд,
То бисозад чора дарди бедавои дӯстро.
Чун муроди дӯст ҷон афшондан аст аз дӯстон,
Зудтар дарёб, ҷони ман, ризои дӯстро.
Дар ҳавои ӯ тавонад дод ошиқ сар ба бод,
Лек натвонад ниҳод аз сар ҳавои дӯстро.
Гар бадал кардӣ ба сад Фирдавс гарди кӯи дӯст,
Ройгон аз даст додӣ хоки пои дӯстро.
Дастбӯси дӯст мехоҳӣ, бишу даст аз ду кавн,
Дасти олуда нашояд марҳабои дӯстро.
Дӯстиҳои ҳама олам бирӯб аз дил Камол,
Пок бояд доштан хилватсарои дӯстро.

Яке аз хусусиятҳои эҷодиёти Хоҷа Камол он аст, ки дар баъзе шеърҳояш аз бузургони аҳли адаб ёдовар шуда, нисбати онҳо эҳтирому арҷгузорӣ менамояд.
Ӯ нисбат ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ихлосмандии худро изҳор намуда, ба хонанда бо мазмуни зайл муроҷиат менамояд:
Ба Туркистон биё, он хок дарёб,
Агар дар Рум Мавлоно наёбӣ.

Камоли Хуҷандӣ ба шоир, мутафаккири бузург Шайх Аттори Нишопурӣ ва ашъори ӯ муҳаббати зиёди хешро чунин ифода намудааст:
Он ошиқи дилсӯхта имрӯз Камол аст,
К-аз гуфтаи ӯ гармии Аттор биёбӣ.

Бузургии Камоли Хуҷандӣ боз дар он аст, ки ғазалҳои пурмазмуну ҷаззобашро қариб ҳамаи аҳли илму адаб эътироф намудаанд.
Аз ҷумла Ҳофизи лисонулғайб ба ғазали «Гуфтам ба чашм»-и ӯ баҳои муносибу арзанда додааст.
Ёр гуфт: Аз ғайри мо пӯшон назар. Гуфтам ба чашм!
В-он гаҳе дуздида дар мо менигар. Гуфтам ба чашм!
Гуфт: Агар ёбӣ нишони пои мо бар хоки роҳ,
Барфишон он ҷо ба доманҳо гуҳар. Гуфтам ба чашм!
Гуфт: Агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод.
Ташнагонро муждае аз мо бибар. Гуфтам ба чашм!
Гуфт: Агар гардад лабат хушк аз дами сӯзони оҳ,
Боз месозаш чу шамъ аз гиря тар. Гуфтам ба чашм!...
Гуфт: Агар гардӣ шабе аз рӯи чун моҳам ҷудо,
То саҳаргоҳон ситора мешумар. Гуфтам ба чашм!
Гуфт: Агар дорӣ хаёли дурри васли мо, Камол,
Қаъри ин дарё бипаймо сар ба сар. Гуфтам ба чашм!

Камоли Хуҷандӣ умри дароз дидааст. Аммо ин умри азизи ӯ дар ғарибӣ, ҳиҷрат ва маҳрумӣ гузаштааст. Ӯ аз он ғарибию бекасӣ, доғи ҳиҷрон ва аз синаи пурғам менолад:
Дил муқими кӯи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискин тани танҳо ғариб!
Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб?!
Чун ту дар ғурбат наяфтӣ, чӣ донӣ ҳоли мо?
Меҳнати ғурбат надонад, ҳеҷ кас, илло ғариб…

Камоли Хуҷандӣ чун шоири гуманист номи неки гузаштагону ҳамзамонони маъруфашро посдорӣ намудааст, имрӯз бошад ӯ байни аҳли илму адаб ва ихлосмандони ашъори дилошӯбаш маҳбубияти хос дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми яке аз сафарҳои расмиаш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон мақбараи Камоли Хуҷандиро дар шаҳри Табрез зиёрат намуда, аз он ҷо як каф хоки мазори ӯро ба Ватан овард. Дар шаҳри Хуҷанд мақбараи ин шоири маъруфро бино намуданд, ки он зиёратгоҳи аҳли хирад аст.
                                  Аъзам Бобоев, рӯзноманигор
Добавить комментарий