Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Аз Ҳамадон нури вай омад падид...
Мағз андар мағзи осори Мир Сайид Алии Ҳамадониро васфи инсон, баланд бардоштани фазилату мартабаи ӯ, эҳтироми зан, модар, роҳу тариқаҳои тарбияи ахлоқӣ ташкил медиҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Имсол ба зодрӯзи орифи бузурги Шарқ, Аллома Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 710 сол пур мешавад. Доир ба мавзӯи ҳаёт ва фаъолияти илмию эҷодӣ ва ҷаҳонгардии ин орифу олими оламшумул суҳбате оростем бо Ҳотам Асозода, директори Муассисаи давлатии “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб”.
-Тавре огаҳӣ дорем, ҳанӯз моҳи сентябри соли 1995 ҷашни 680-солагӣ ва соли 2015 700-умин солгарди зодрӯзи олими маъруф, файласуф ва адиби бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида буд. То имрӯз дар соҳаи ҳамадоншиносӣ чӣ рӯйдодҳои фарҳангӣ ва илмию адабӣ ба вуқуъ пайваст?
-Бузургтарин дастоварди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳё кардан ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани арзишҳои миллию фарҳангии дар тӯли асрҳо фаромӯшшудаи ин куҳандиёр аст. Барҳақ, зимомдори чунин сиёсати фарҳангсолорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз бо ибтикори ватандӯстонаи ин фарзанди фарзонаи миллат бузургони илму адаби ҷаҳоншумули тоҷик аз нав зинда мегарданд.
Воқеан, таҷлили ҷашнҳои дар боло номбаршуда номи ин орифи бузург ва адиби шаҳирро аз фаромӯшхонаи таърих берун оварда, вирди забонҳо гардонид. Дар давраи омодагиҳо ба ҷашн устод Моҳирхӯҷа Султонов, чун муовини раиси кумитаи тадорукот бисёр корҳои хайрро ба сомон расонидаанд.Яке аз хизматҳои бузурги устод Моҳирхӯҷа Султонзода ба чоп омода намудани “Осори мунтахаб”-и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ду ҷилд мебошад.Инчунин, дар ин айём мақолаҳои олимони АМИ Тоҷикистон ва устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ зери унвони “Аз Авесто то Ҳамадонӣ” ба чоп расид. Замони омодагӣ ба таҷлили ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб дар заминаи собиқ осорхонаи вилоятии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Муассисаи давлатии “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб” таъсис ёфт. Ин муассиса се осорхонаро муттаҳид намудааст. Маҳз таъсиси осорхонаи мероси хаттӣ ва осори адабии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва фаъолият намудани он ба ҳайси яке аз марказҳои калонтарини ҳамадонишиносӣ имкон фароҳам овард, ки самти пажӯҳишӣ дар мавриди шахсият ва осори аллома вусъат ёбад.
-Сабабҳои ҷаҳонгардӣ ва мусофирати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чун дигар бузургони аҳли илму адаб дар чӣ бошад?
-Дар ҳақиқат аксари бузургони илму адаб қисмати зиёди умри хешро дар мусофират ва ҷаҳонгардӣ сарф намудаанд. Назар андозем ба мусофиратҳои Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Носири Хусрав, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва боз чанде аз дигарон.Албатта, сафарҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сабабҳои зиёде дорад. Боре Мир Саид Алии Ҳамадонӣ назди устодаш Шайх Маҳмуди Маздаконӣ меояд ва хоҳиши сабақи навбатӣ менамояд ва шайх бошад ба ӯ ишораи сафар мекунад. Аслан сафар кардан амалияи омӯзиши аҳли тариқат буд. Ба қавли Саъдии бузург:
Бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме,
Сӯфӣ нашавад сӯфӣ, то дарнакашад ҷоме.
Мусофиратҳои Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба се давра тақсим кардан мумкин аст:
Қисмати аввал аз соли 1333 то соли 1343 давом карда, бо номи “Мусофирати давраи ҷавонӣ” машҳур аст.
Қисмати дуюми мусофиратҳои ин бузургвор аз соли 1354 то соли 1370 идома ёфтааст.
Ва ниҳоят, мусофиратҳои ниҳоии ӯ аз соли 1370 то охири ҳаёташ –соли 1386 давом намудааст.
Дар мавриди мусофиратҳои ин бузургвор олими машҳур Нуриддин Ҷаъфари Бадахшӣ дар “Хулосот-ул-маноқиб” аз забони худи Алии Ҳамадонӣ чунин меорад: “...Се бор аз Машриқ ба Мағриб сафар кардам. Басе аҷоиб дар баҳру дайр дида шуд. Ва ҳар боре ба шаҳре ва вилояте расидам, расму одати аҳли он мавзеъ тариқи дигар дидам...”
Аслан, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади таблиғу ташвиқи аҳкому аркони ислом ба сафар мебаромад. Ин марди фозил тайи мусофиратҳои пай дар пайи худ ба диёри афсонавии Ҳиндустон тавонист мардуми ин сарзаминро ба забони шевои форсӣ-тоҷикӣ ошно гардонад. Ва дар як вақт чун мубаллиғи дини мубини ислом дар хитаи Кашмир амал намудааст.
Тавре, ки аллома Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:
Хиттаро он Шоҳи дарёостин,
Дод илму санъату таҳзибу дин.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар “Одоб-ул-Машоих” ном асараш чунин меорад, ки сафар кардан ба се ваҷҳ аст: зиёрат, риёзат, дидори машоих.
Тибқи ишораҳои Чарлз Стори мусофиратҳои Алии Ҳамадонӣ бештар маҳз аз нооромиҳои замона, аниқтараш аз муносибатҳои сарди ӯ бо Темурланг рух додаанд. Бадгӯён ва ҳасудон назди Темурланг бадгӯйии Сайид Алии Ҳамадониро мекунанд, ки ӯ гӯё дар Хатлон даъвои салтанат мекунад. Темурланг аз ин хабар бимнок шуда, аз Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ талаб мекунад, ки тарки Хатлон намояд. Ӯ Хатлонро тарк карда, ба Кашмир меравад.Мувофиқи сарчашмаи дигар Алии Ҳамадонӣ баъди мусофиратҳои тӯлонию пай дар пай бо мақсади гузаронидани чанд соли умраш дар пиронсолӣ аз Хатлон озими Ҳамадон мешавад. Дар роҳ аз харобиҳову қатлу ғорати гӯшношуниди Темурланги хунхор дар хоки Эрон огаҳӣ ёфта, бо дили реш ҷониби Кашмир раҳсипор мегардад.
-Дар хусуси осори гаронбаҳо ва миқдори асарҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ каме маълумот медодед.
-Дар ҳақиқат Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳамчун бузургтарин намояндаи илму фарҳанг, орифи бузурги Шарқ аз худ осори бою гаронбаҳоеро ба мерос гузоштааст. Асарҳои пурқимати ӯ мавзуъҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ, динӣ, ахлоқӣ ва фалсафиро дар бар гирифтааст.Миқдори асарҳои Амири Кабирро, ки дар шакли назму наср эҷод гардидаанд, олимони ҳамадоншиносҳар хел шарҳ медиҳанд. Баъзеҳо миқдори асарҳои ин мутафаккири бузургро аз ҳаштод, баъзеи дигар аз навад ва ба қавли бархе аз ҳамадоншиносони дигар аз 140 бештар гуфтаанд. Асарҳои безаволи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – “Захират-ул-мулук”, “Минхоҷ-ул-орифин”, “Макорим-ул-ахлоқ”, “Ҳафт водӣ”, “Авроди фатҳия”, “Сайр-ул-толибин”, “Футутия”, “Қиёфатнома”, “Қуддусияи амирия”, “Ғазалиёт”, “Авроди асрия”, “Одоб-ул-Машоих” имрӯз дар бузургтарин китобхонаҳои кишварҳои Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Туркия, Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон маҳфуз мебошанд.
-Тавре ба мо маълум аст, яке аз муридони беҳтарину вафодори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ буд. Мутаассифона, оид ба ҳаёту фаъолият ва рӯзгори ин орифи парҳезкору баландмартаба маълумот хеле кам аст...
-Дуруст қайд кардед. Хоҷа Исҳоқ бинни Амир Оромшоҳи Амири Хатлонзамин мебошад. Ӯ яке аз олимону донишмандони нимаи дуюми асри 14 ва нимаи аввали асри 15 буда, яке аз шогирдони боварибахши Алии Ҳамадонӣ шинохта шудааст. Муҳаммад Риёз аз “Силсиланома”-и Шамсиддини Хатлонӣ далел оварда, таъкид менамояд, ки Хоҷа Исҳоқ дар синни 74-солагӣ (соли 1423) ваҳшиёна ба қатл расонида мешавад. Хоҷа Исҳоқ аз илмҳои замон ва ақоиди аҳли тақвою соликон ба хубӣ огаҳӣ доштааст, ки дар аввалин дидор ва суҳбати сарироҳӣ бо Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ писанд меояд. Хулоса, Хоҷа Исҳоқ барои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аввалан чун муриди ташнаи илму маърифат, баъд чун домоди дӯстдошта ва ниҳоят халиф- ҷойнишини устоди сахтгиру серталаб гардид. Аз ин рӯ, ба вай байъат кард ва хирқаи табаррукии хешро ба ӯ бахшид. Аз баракати дуои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ худи Хоҷа Исҳоқ ба мартабаи пири тариқат расид. Ҳоло мақбараи зебову бошукуҳи Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ дар деҳаи Хоҷа Исҳоқ, 12 километр дуртар аз маркази маъмурии шаҳри Кӯлоб воқеъ гардидааст.
-Барои хонандагони маҷаллаи “Сафо” донистани таърихи мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бисёр муҳим аст. Дар ин хусус чӣ гуфтаниҳое доред?
-Дар маркази шаҳри бостонии Кӯлоб оромгоҳи орифи шаҳир, донишманду шоири бузург Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки дар охирҳои асри 14 ва оғози асри 15 бо саъйи фарзанди арҷмандаш Сайид Муҳаммад ва муридони содиқаш бино гардид, қомат афрохтааст.Дар арафаи 680-умин солгарди зодрӯзи Мир Сайид АлииҲамадонӣ бо даъвати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб аз шаҳри Исфара устои маъруфу чирадаст- Ҳоҷӣ Абдуманнон бо фарзандонаш барои гаҷкории қисмати дохилии оромгоҳ омаданд. Онҳо бо истифодаи таҷрибаи бой ва ҳунари волои хоси шарқиёна ба ин ёдгории таърихӣ ҳусни наву зебо ҳадя намуданд. Соли 1993 – 3 ҳунармандони машҳури эронӣ Молики Меҳрҷӯ, Ҳашни Аббосӣ, оғои Толибиён бо мақсади кошинкории қисмати пеши бинои мақбара даъват шуданд. Дар арафаи таҷлили 2700-солагии шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат гумбазҳои мақбара аз тарафи 4 нафар устоҳои машҳури белорусӣ тиллокорӣ гардида, боми мақбара таъмиру тармим ва азнавсозӣ карда шуд. Он дигаргунсозиҳое, ки дар боло зикр кардем, ҳусну латофати ин мавзеи муқаддасро ба маротиб зебою диданӣ карда, ба макони дилрабо табдил доданд.
Ҳар касе, ки бо эътиқод барои зиёрат ва тамошо вориди ин маҷмааи таърихию фарҳангӣ мегардад, беихтиёр мисраъҳои зерини шеърӣ ба хотираш меоянд:
Хуш манзили босафост ин ҷо,
Хуш ҷойи фараҳфизост ин ҷо.
З-офати замона дур бодо,
Ҳаққо, назари Худост ин ҷо.
Барои мардуми Хатлонзамин, хоса мардуми диёри Кӯлоб боиси сарфарозист, ки қадами мубораки ин орифи бузург се дафъа ба ин хок расидааст. Баъди он ки дар музофоти Поклии Покистон бемории сахте ӯро домангир мешавад, пас аз 5 рӯзи дигари сафарашон дар музофоти Кунарои Афғонистон ҷаҳониро падруд гуфтанд. Бо маслиҳати муридонаш, ки он замон беш аз 700 нафар буданд, турбати ин марди фозилро ба Кӯлоби бостонӣ оварда, ба хок супориданд. Мисраъҳои зерини шеърӣ бозгӯи он аст, ки дар ҳақиқат оромгоҳи ин бузургвор дар маркази шаҳри Кӯлоб воқеъ гардидааст:
Аз Ҳамадон нури вай омад падид,
Оқибат он нур ба Хатлон расид.
Маккаи сонӣ Ҳамадонро бигӯ,
Ясриби сонӣ шуда Хатлони ӯ.
Аъзам Бобоев, Бохтар-Кӯлоб-Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД