ХАТЛОН: МАЪРАКАОРОИИ КАМХАРҶ ВА ДАР ДОИРАИ ҚОНУН

     Соли 2019 ва давоми ду моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 61,8 ҳазор маърака ба қайд гирифта шуда, 180 ҳолати вайронкунии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ошкор шудааст.

Бино ба иттилои мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Муҳаммадӣ Шарифзода, бештари қонуншиканиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷалолиддини Балхӣ, Хуросон, Шаҳритуз, Восеъ, Данғара ва М. С. А. Ҳамадонӣ ба қайд гирифта шудааст. “Тибқи талаботи қонун ба хотири пешгирӣ аз қонуншиканӣ дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят 26 комиссияи доимӣ, дар назди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 155 комиссияи доимӣ ва дар деҳотҳо дар маҷмӯъ беш аз 1 ҳазору 800 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият карда истодаанд”, - афзуд ӯ.

Ҳамсуҳбатам, ҳамчунин, илова кард, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз қонуншиканӣ ва фаҳмонидани моҳияти қонун дар ҳудуди вилоят 1 ҳазору 340 семинару вохӯрӣ гузаронида шудааст. Мақсади асосии баргузории ин гуна семинару машваратҳо, пеш аз ҳама, ба коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ равона шудааст. 

Ба қавли М. Шарифзода, дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе санҷишҳои муштарак гузаронида мешавад. Ҳамзамон, аз ҷониби шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон комиссияҳои ҷамъиятии вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ пайваста аз санҷиш гузаронида шуда, ба хотири ислоҳи камбудиҳо натиҷаи он ба масъулони шаҳру ноҳияҳо ирсол карда мешавад.

Дар арафаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” моҳи майи соли 2007 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки “То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем, ва хароҷоти беҳудаи мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем”. 

Мақсади асосии қабули қонуни мазкур, қабл аз ҳама, мусоидат дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар мебошад. Аз суҳбат бо масъулини соҳа дарёфтем, ки бо амалӣ шудани ин қонун мо – сокинони Тоҷикистон то ҷое ба ин ҳадафи наҷиб ва саривақтӣ расидем. Вале мутаассифона, ҳанӯз ҳам ҳангоми баргузории маъракаҳо дар баъзан маврид ҳолатҳои вайронкунии қонун ба чашм мерасад. Беҳтар аст, ки сокинон роҳи савоб ва хайру садақаро дар обод кардани як гӯшаи вайрона, бунёди кӯдакистону бунгоҳи тиббӣ ва дастгирии оилаҳои ниёзманд ҷӯё шаванд. Ин амали шоиста сазовори таҳсину офарин гуфтан буда, дар назди Худованд низ бе подош намемонад.


Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий