Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
АЗ ХУТАН ТО КУВАЙТ
«Ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихор ва сарбаландии миллатанд”
Эмомалӣ Раҳмон
БА ҶОЙИ САРСУХАН
Дар бораи кору фаъолияти табиби ҷавон Суннатулло Шарифзода ҳанӯз як сол пеш, замоне ки ӯ дар беморхонаи марказии ноҳияи Фархор фаъолият мекард, ният доштем мақолае таҳия намоем. Аммо бо сабаби серкорӣ, машғул будан ба корҳои ихтироъкорию таҳқиқотӣ ва иштирок дар конфронсу ҳамоишҳои илмӣ бо ӯ вохӯрдан муяссар нагардид.
Хушбахтона, дертар имконият даст доду дар яке аз рӯзҳои баҳори хуҷастапай дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо ӯ мулоқот намуда, суҳбати ҷолибе анҷом додем.
ДАР ОЛАМИ ОРЗУҲО ВА ТАҲСИЛ ДАР МАКТАБИ ДЕҲА
Суннатулло аз овони кӯдакӣ бо орзуву ҳадафҳои нек ба воя расидааст. Оилаи онҳо дар деҳаи Дарёобод, Ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор зиндагӣ мекунанд. Волидон дар таълиму тарбияи фарзандашон ҳамеша ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамуданд.
Вақте ки ӯ ба ҷои кори модараш – маркази саломатии деҳа мерафт, муносибати ғамхоронаи модарашро нисбат ба беморон мушоҳида намуда, орзу мекард, ки дар оянда табиб шавад ва ба мардум хизмат расонад.
Дар давраи таҳсил дар мактаби миёна бо дониши хубу аъло ва рафтору ахлоқи намунавӣ миёни ҳамсинфон фарқ мекард. Синфи 9-уми МТМУ №35-и ноҳияи Фархорро бо баҳои аъло ва аттестати сурх хатм намуд.
Баъдан тариқи озмун ба Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб дохил шуда, таҳсилро идома дод. Ҳамчун хонандаи фаъол бо дониши баланд, зеҳни қавӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва истеъдоди фавқулода таваҷҷуҳи омӯзгорону мураббиёнро ба худ ҷалб кард.
Ҳангоми таҳсил дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни биология иштирок намуда, соҳиби ҷои дуюм ва медали нуқра гардид.
Соли 2016 Мактаби Президентиро бо аттестати аъло хатм намуда, тариқи Квотаи Президентӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил гардид.
ТАҲСИЛ ДАР ДОНИШГОҲ
Суннатулло аз рӯзҳои аввали таҳсил худро ҳамчун донишҷӯи фаъол нишон дод. Ӯ ҷавони рустоӣ буда, бо дониши баланд, ташкилотчигӣ ва ташаббускорӣ миёни донишҷӯёни факултаи тиббӣ мисли «гули сари сабад» маъруф гардид.
Бештари вақти холии худро дар китобхонаи донишгоҳ ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон мегузаронд. Аз курси дуюм сар карда, дар маҳфилҳо, конфронсҳо ва чорабиниҳои илмии факултет ва донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, бо маърӯза баромад мекард.
Баъдан барои иштирок дар конфронсҳо, форумҳо ва ҳамоишҳои илмию ихтироъкории ҷумҳуриявию байналмилалӣ роҳ ёфт.
Дар давраи таҳсил дар Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №21-и шаҳри Душанбе ва ҳамчунин, дар интернатураи клиникии назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таҷрибаи корӣ андӯхт.
ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ КОРӢ
Соли 2020 донишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, бо роҳхати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаи марказии ноҳияи Фархор фиристода шуд.
Ӯ фаъолияти худро ҳамчун духтури ҷарроҳ оғоз кард. Оғози кори ӯ ба даврае рост омад, ки дар тамоми ҷаҳон бемории COVID-19 паҳн шуда буд.
Табиби ҷавон тамоми донишу таҷрибаи худро барои пешгирӣ ва табобати беморон равона мекард. Шабу рӯз дар паҳлуи беморон қарор дошта, дарди онҳоро дарди худ медонист ва сиҳатии онҳоро хушбахтии худ мешуморид.
Баъд аз паси сар шудани ин беморӣ ӯ таҷрибаи бойи касбӣ андӯхт. Ҳангоми фаъолият донишҳои назариявии омӯхтаашро бо амалия пайваста, усулҳои муосири ҷарроҳиро меомӯхт.
Ҳамаи донишу таҷрибаи худро барои беҳтар намудани ташхис, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар амалияи тиббӣ равона менамуд.
Маҳз ҳамин масъулиятшиносӣ ва навовариҳо сабаб гардиданд, ки ӯро барои идомаи фаъолият ба Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе даъват намоянд.
ДАСТОВАРДҲО ВА ИХТИРОЪКОРИҲО
Суннатулло Шарифзода дар баробари фаъолияти корӣ дар чандин конфронсу форумҳои байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби мукофоту ҷоизаҳои баланд гардидааст.
Моҳи марти соли 2023 дар Конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, соҳиби ҷоиза ва нишони сарисинагии «Беҳтарин мақолаи илмӣ дар ҳудуди ИДМ» гардид.
Рӯзи 3 майи соли 2024 дар Конфронси илмӣ-амалии донишҷӯён ва олимони ҷавон, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон баргузор гардид ва намояндагон аз 60 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд, маърӯза намуда, дипломи дараҷаи I гирифт.
Ҳамчунин, дар Конфронси 78-уми илмӣ-амалии олимони ҷавон дар шаҳри Самарқанд (17 майи 2024), Конфронси байналмилалии олимони ҷавон дар Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро (31 майи 2024) иштирок намуда, соҳиби ҷои аввал гардид.
Дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона Озмуни байналмилалии «100 идея барои ИДМ» баргузор гардид, ки дар он Суннатулло Шарифзода ғолиби мутлақ дониста шуда, соҳиби шоҳҷоиза гардид.
ДУ ДАСТОВАРД АЗ ҚУВАЙТ
Рӯзҳои 8–11 феврали соли ҷорӣ дар пойтахти Қувайт – шаҳри Ал-Қувайт Форуми 16-уми байналмилалии ихтироъкорон (IIFME) баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш намояндагони 70 кишвари ҷаҳон иштирок карданд.
Суннатулло Шарифзода дар ин форуми сатҳи баланд Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд ва соҳиби ду мукофоти бонуфуз гардид:
Медали тилло – ғолиби ҷои аввал дар номинатсияи «Тиб ва ихтирои беҳтарин», Медали биринҷӣ – ғолиби ҷои сеюм дар номинатсияи «Ихтирои гурӯҳӣ».
Дар суҳбат бо мо ӯ бо ифтихор гуфт, ки «Ҳангоми маросими ҷоизасупорӣ ман тоқии гулдӯзӣ бо навиштаҷоти “Тоҷикистон” доштам. Вақте ҳакамон фаҳмиданд, ки ман намояндаи Тоҷикистон ҳастам, бо эҳтиром гуфтанд: “Тоҷикистон ба пеш!”».
БА ҶОЙИ ОХИРСУХАН
Табиби ҷавону боистеъдод Суннатулло Шарифзода бо талоши пайваста, омӯзиши илм ва сабру таҳаммул ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Бузурге гуфтааст:
«Дониш ва сабру таҳаммул асоси пирӯзиҳост».
Оре, ӯ зина ба зина барои фатҳи қуллаҳои илм ва пирӯзиҳо камари ҳиммат мебандад. Панди Соибро сармашқи фаъолияти худ медонад.
Агар номи баланд аз чарх хоҳӣ, сабр кун, Соиб,
Зи пастӣ метавон рафтан ба бом оҳиста – оҳиста.
Ӯ имрӯз ҳамчун духтури ҷарроҳ дар Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе фаъолият намуда, ҳамзамон аспиранти кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мебошад.
Ният дорад таҳқиқоти илмиро идома дода, дар ояндаи наздик рисолаи номзадии худро ҳимоя намояд.
Ӯ бо ифтихор таъкид мекунад, ки Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илму маориф ва дастгирии ҷавонони боистеъдод тамоми шароиту имкониятҳои мусоидро фароҳам овардаанд.
Аъзам Бобозода
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
1147 НАФАР АЗ МУАССИСАИ ИСЛОҲИИ №3/6-И НОҲИЯИ ЁВОН БА ОЗОДӢ БАРГАШТАНД



