МОДАРНОМА
Имрӯз саҳми модари тоҷик махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзандон хеле барҷаста мебошад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мавқеи зан - модар дар ҷомеа тамоми чораю тадбирҳоро роҳандозӣ намудаанд.
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Зиҳӣ модар! Бо чунин қудрату тавоноӣ, матонату диловарӣ ва садоқату ҷасорат. Месазад тамоми умр пеши пояш сар ба таъзим фуруд биёрем.
Барои бузургии модарро васф кардан ва баробар бар арзиши беандозаи ӯ ҳарфе ё вазну қофияе пайдо намудан, ки муҳаббати поки ӯро ифода карда тавонад, ҷумлаву маъниҳо кӯтаҳӣ ва заифӣ мекунад. Кулли модаронро ба рӯзи идашон таҳният гуфта, барояшон танҳо ва танҳо саломатии бардавом хоҳонам.Таваралӣ СОҲИБНАЗАРОВ,