Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар татбиқи Лоиҳаи “Шаҳри бехатар” оғоз гардида, аллакай тамоми таҷҳизоти зарурӣ вориди шаҳри Бохтар гардидаанд.
Дар ин хусус аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба “Сафо” иттилоъ доданд.
Иқдоми мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи амнияти ҷамъиятӣ, таъмини ҳаракати бехатар ва мунтазами воситаҳои нақлиёт, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии ҳаракат роҳандозӣ гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ин лоиҳа аз Ҷумҳурии Мардумии Чин тамоми таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили сутунпояҳо, чароғаҳҳои рақамии муосири роҳнамо, камераҳои назоратӣ ва зиёда аз 25 ҳазор метр ноқилҳои барқӣ ворид гардида, дар чорроҳаҳо, кӯчаҳои марказӣ, роҳҳои асосии дохилишаҳрӣ ва дигар нуқтаҳои муҳими шаҳри Бохтар васлу насб карда мешаванд.
Тадбиқи пурраи ин лоиҳаи муҳим бо дастгирӣ ва маблағгузории соҳибкорони ватандӯсти шаҳри Бохтар амалӣ гардида, аз ҳамкории хуби мақомоти маҳаллӣ бо бахши хусусӣ дарак медиҳад.
Рӯзҳои наздик корҳои васлу насби таҷҳизоти воридгардида дар шаҳр оғоз гардида, бо анҷом ёфтани корҳои зарурӣ низоми “Шаҳри бехатар” дар шаҳри Бохтар ба фаъолият оғоз хоҳад кард.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ




