Бойгонӣ
Июль 2026 (6)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)
Март 2026 (12)
Февраль 2026 (31)

Тоҷикистон – Ватанам

Ҳар боре сухан аз дӯстии миллатҳо ва ваҳдати мардуми Тоҷикистон меравад, пеши назар симои нафароне меояд, ки новобаста аз миллат, забон ва фарҳанги худ ин сарзаминро хонаи муштараки худ медонанд. Яке аз чунин шахсиятҳо Жемал Бегжикова – зани туркмантаборест, ки сарнавишташ бо мардуми тоҷик пайванди ногусастанӣ ёфтааст.
Ӯ имрӯз ҳамчун ходими илмии Осорхонаи вилояти Хатлон ба номи «Авасто» фаъолият намуда, аз таърих ва фарҳанги халқҳои гуногун ба меҳмонон маълумот медиҳад. Ҳамзамон худ намунаи равшани ҳамзистии осоиштаи миллатҳо мебошад.
Дар суҳбат бо ӯ кӯшиш кардем дар бораи эҳсоси ватандорӣ, ҳифзи фарҳанги аҷдодӣ, дӯстии халқҳо ва нақши ақаллиятҳои миллӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ бештар маълумот пайдо кунем. Зеро маҳз аз сарнавишти чунин инсонҳо метавон дарк кард, ки Тоҷикистон танҳо як сарзамин нест, балки хонаи гарми намояндагони миллатҳои гуногун мебошад, ки онҳоро эҳтиром, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба ҳам мепайвандад.
– Лутфан бигӯед, ки чӣ гуна ба Тоҷикистон омадаед ва кадом омилҳо боис шуданд, ки ин кишварро ҳамчун макони доимии зиндагӣ интихоб намоед?
– Ман ба Тоҷикистон наомадаам, балки зодаи ҳамин сарзаминам (бо табассум). Ҳанӯз солҳои 40-уми асри гузашта омӯзгоронро аз Туркманистон барои таълиму тарбияи ҳаммиллатони худ ба ҷумҳуриҳои дигар мефиристоданд. Бобоям низ ҳамчун омӯзгор ба Тоҷикистон омада, дар ноҳияи Ҷиликӯл (имрӯз ноҳияи Дӯстӣ), фаъолият намудааст. Дар он ҷо барои туркмантаборон мактаби махсус амал мекард ва ҳоло ҳам фаъолияти худро идома медиҳад.
Бобоям дар ин сарзамин дӯсту пайвандони худро пайдо кард, оила барпо намуд ва дигар ба Туркманистон барнагашт. Падару модари ман низ дар ҳамин ҷо ба дунё омадаанд. Ҳарчанд бо забони туркманӣ таҳсил кардаву сухан мегуфтанд, аммо ҳамеша бо мардуми тоҷик муносибати дӯстона ва бародарона доштанд.
– Шумо дар Тоҷикистон ба дунё омадаед. Таҳсилатон чӣ гуна сурат гирифт ва бо кадом забон дониш андухтед?
– Таҳсили ибтидоии ман дар мактаби туркманзабон сурат гирифт. Волидонам мехостанд, ки мо забони модарӣ, фарҳанг ва анъанаҳои миллиамонро ҳифз намоем. Аз ин рӯ, ҳам дар хона ва ҳам дар мактаб бештар бо забони туркманӣ суҳбат мекардем.
Пас аз хатми мактаби миёна барои гирифтани таҳсилоти олӣ ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуда, факултети филологияро хатм намудам. Дар оғоз таҳсил бо забони тоҷикӣ барои ман осон набуд. Аз худ кардани баъзе истилоҳҳо ва калимаҳои нав заҳмати зиёд талаб мекард. Бо вуҷуди ин, талош намудам, ки забони давлатиро хуб омӯзам ва дар пешрафти ҷомеае, ки моро ҳамчун фарзанди худ пазируфтааст, саҳмгузор бошам. Имрӯз соҳиби ду маълумоти олӣ ҳастам ва ҳар ду муассисаи таҳсилоти олиро бо забони тоҷикӣ хатм кардаам.
– Пас аз хатми донишгоҳ дар назди худ чӣ ҳадаф гузоштед ва фаъолияти меҳнатиро аз куҷо оғоз намудед?
– Ман ҳамеша мехостам ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ба давлат ва ҷомеа содиқона хизмат намоям. Аз ин рӯ, баъди хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатиамро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии туркманзабон оғоз кардам.
Азбаски худ дар роҳи омӯзиши забони тоҷикӣ душвориҳоро паси сар намуда будам, тасмим гирифтам, ки ба фарзандони ҳаммиллатонам забони давлатиро омӯзонам. Солҳои зиёд аз фанни забони тоҷикӣ дарс додам.
Он солҳо дар мактабҳои туркманзабон омӯзиши забони давлатӣ ба таври васеъ ба роҳ монда нашуда буд. Мо кӯшиш мекардем, ки хонандагон баробари забони модарӣ забони давлатиро низ аз худ намоянд, то дар оянда ҳангоми таҳсил ва фаъолияти касбӣ ба мушкил рӯ ба рӯ нашаванд.
Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки насли ҷавон дар баробари забони модарии худ забони давлатиро низ хуб меомӯзад. Ин ҳама самараи сиёсати оқилона, ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад. Мо шукргузорем, ки барои ҳифзи забон ва фарҳанги туркманӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Зеро агар чунин имконият вуҷуд намедошт, эҳтимол наслҳои оянда тадриҷан забони модарии худро аз ёд мебароварданд.
– Чӣ тавр тавонистед анъанаҳои туркманиро ҳифз намуда, ҳамзамон ба ҷомеаи Тоҷикистон мутобиқ шавед?
– Мардуми тоҷик бисёр самимӣ, меҳмоннавоз, некдил ва хайрхоҳанд. Аз ин рӯ, мутобиқ шудан ба муҳити зиндагӣ дар Тоҷикистон барои мо ҳеҷ мушкил набуд. Солҳои зиёд дар ноҳияи Дӯстӣ ва шаҳри Бохтар зиндагӣ кардаам, вале ҳаргиз нашунидаам, ки касе моро ба хотири мансубияти миллӣ аз дигарон ҷудо кунад ё нисбатамон муносибати нохуб дошта бошад.
Мо, албатта, ба ҳифзи забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллии худ аҳамияти ҷиддӣ медиҳем. Ба фарзандону ҷавонон таърих, фарҳанг ва расму ойинҳои халқамонро меомӯзем, то онҳо аз решаҳои миллии худ огоҳ бошанд.
Дар хона бо фарзандонамон бештар бо забони туркманӣ суҳбат мекунем, аммо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз рӯи эҳтиром ба ҷомеаи атроф, бо забони тоҷикӣ ё русӣ ҳарф мезанем, то ҳамагон моро фаҳманд.
– Дар бораи ҳунарҳои занони тоҷик ва таомҳои миллӣ чӣ назар доред?
– Ба назари ман, занони тоҷик на танҳо зебо, балки бисёр ҳунарманд низ ҳастанд. Ҳунари дастии онҳо, бахусус дар соҳаи кадбонугӣ ва пухтупаз, воқеан шоистаи таҳсин аст. Ман борҳо кӯшиш кардам, ки палави тоҷикиро омода намоям, вале ҳамеша эҳсос мекунам, ки мазаи дастпухти занони тоҷик тамоман дигар аст. Онҳо дар омода намудани таомҳои миллӣ маҳорати махсус доранд.
Мо низ таомҳои миллии худро дорем. Яке аз онҳо «ишлигли» мебошад, ки аз хамир ва гӯшти қима омода мешавад. Ин таомро бисёр дӯст медорам.
– Пас аз фаъолияти омӯзгорӣ ба Осорхонаи вилояти Хатлон ба номи «Авасто» омадед. Самти фаъолияти шумо дар осорхона аз чӣ иборат аст?
– Фаъолият дар осорхона ба ман бисёр писанд аст. Дар ин ҷо ҳамчун ходими илмӣ кор мекунам ва ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар бораи таърих ва фарҳанги миллатҳои гуногун маълумот медиҳам. Дар осорхона бахшҳои махсусе мавҷуданд, ки ба зиндагӣ, фарҳанг ва анъанаҳои миллатҳои гуногун бахшида шудаанд. Мо кӯшиш мекунем, ки меҳмононро бо гуногунрангии фарҳангии вилояти Хатлон ва Тоҷикистон шинос намоем.
Дар вилояти Хатлон дар баробари тоҷикон намояндагони даҳҳо миллату халқиятҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд. Бисёре аз онҳо ба осорхона омада, бо таърих ва фарҳанги якдигар ошно мешаванд. Барои иҷрои самараноки вазифаам пайваста ба омӯзиши забонҳо машғул мешавам. Айни замон ҳафт забонро медонам. Донистани забонҳои хориҷӣ дар муошират бо меҳмонон ва шиносоии онҳо бо фарҳанги Тоҷикистон ба ман кумаки зиёд мерасонад. Дар оянда низ ният дорам забонҳои дигарро омӯзам.
– Зимни сафар ба Туркманистон ва дигар кишварҳо шуморо чӣ эҳсосот фаро мегирад?
– Ман на танҳо ба Туркманистон, балки ба чандин кишвари дигар низ сафар кардаам. Аммо ҳар куҷое ки бошам, Тоҷикистон ҳамеша дар ёду хотирам аст. Ман дар ҳар гӯшаи дунё бошам ҳам, худро фарзанди ҳамин сарзамин меҳисобам ва аз он ифтихор мекунам, ки дар Тоҷикистон ба дунё омадаву ба камол расидаам.
– Агар хато накунам, шумо дар хона китобхонаи шахсӣ доред ва вақти зиёдеро ба мутолиа мебахшед. Бештар чӣ гуна китобҳоро мутолиа мекунед?
– Бале, китобро дӯст медорам ва мутолиаро яке аз беҳтарин роҳҳои такмили донишу ҷаҳонбинӣ меҳисобам. Дар китобхонаи шахсиам осори зиёде бо забонҳои гуногун, аз ҷумла туркманӣ, тоҷикӣ ва русӣ мавҷуданд. Бештар ба мутолиаи адабиёти ҷаҳон, китобҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва осоре, ки ба зиндагӣ ва мероси аҷдодонамон бахшида шудаанд, таваҷҷуҳ дорам.
– Нақши ваҳдати миллиро дар таҳкими дӯстии байни миллатҳо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Маҳз ҳамин ваҳдат барои намояндагони ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳои сокини кишвар имконият фароҳам овардааст, ки дар фазои сулҳу субот зиндагӣ намуда, забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллии худро ҳифз ва рушд диҳанд.
Ваҳдати миллӣ ба таҳкими дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо заминаи устувор гузоштааст. Дар чунин муҳит ҳар як шаҳрванд, новобаста аз мансубияти миллӣ, худро узви баробарҳуқуқи ҷомеа эҳсос мекунад.
Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки намояндагони миллатҳои гуногун дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарэҳтиромӣ зиндагӣ мекунанд, дар рушди кишвар саҳм мегузоранд ва худро соҳиби ин Ватан меҳисобанд.
Ба андешаи ман, ваҳдат аз дӯстӣ, ҳамдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои якдигар неру мегирад. Ҳар қадар ин арзишҳо таҳким ёбанд, ҳамон қадар пояҳои ваҳдати миллӣ устувортар хоҳанд шуд.
– Барои суҳбати самимӣ ва пурмуҳтаво ба шумо сипосгузорем.
– Ман низ ба шумо барои таваҷҷуҳ ба ҳаёт, фаъолият ва фарҳанги намояндагони миллатҳои гуногуни сокини Тоҷикистон арзи сипос менамоям. Итминон дорам, ки чунин суҳбатҳо дар таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати ҷомеа нақши муҳим доранд.

Махфират ШОИМОВА
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019