Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ШАРАФ БА ПЕШВО
(Бахшида ба муносибати 29 - умин солгарди Ваҳдати миллӣ)
Сарвари мо, фарди бономусу имон аст.
Пешвои сулҳхоҳу некпаймон аст.
Ифтихори миллату номи бузургон аст.
Обруи тоҷикони Тоҷикистон аст.
Пешвои номвар гаштӣ, шараф бар ту.
Тоҷикистонро сипар гаштӣ, шараф бар ту.
Соҳиби фатҳу зафар гаштӣ, шараф бар ту.
Халқро ҷону ҷигар гаштӣ, шараф ба ту.
Оташи ҷанги Ватан хомӯш бинмудӣ.
Дарди миллатро ба ҷонат гӯш бинмудӣ.
Баҳри Меҳан ҳастию ҷонат фидо гардид,
Ҳар ятимеро, ки дар оғӯш бинмудӣ.
Дар раҳи сулҳи ватандорӣ, зафар кардӣ.
Ҷони худро баҳри ин Меҳан сипар кардӣ.
Ҳар куҷое, аз садоқат ҳарф бинмуда,
Сулҳро дар рӯйи дунё роҳбар кардӣ.
Тоҷики бонангу орию вафодорӣ.
Хоки поки ин Ватанро пос медорӣ.
Ҷонсупорӣ мекунӣ баҳри Ватан - модар,
Дар раҳи ҳифзи амонию ватандорӣ.
Аз ҷамолат Тоҷикистон нурборон аст.
Аз вуҷудат хоки Меҳан чун баҳорон аст.
Ту шукуҳи бахт дар рӯйи ҷаҳонастӣ,
Аз вуҷудат, Парчами миллат парафшон аст.
То ту ҳастӣ Пешво, Меҳан амон бошад.
Меҳрубонӣ баҳри тоҷик ройгон бошад.
Қимати мо, аз замин, то каҳкашон бошад,
То Ватан боқист, умрат ҷовидон бошад.
Мактаби мардонагияшро ҷаҳон бишнохт.
Сулҳхоҳияш ҳама пиру ҷаҳон бишнохт.
Номи некаш, ҷой андар дидаҳо гардид,
Сарбаландияш тамоми тоҷикон бишнохт.
Малохат Толибова
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



