Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
Давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли равон, хароҷоти маблағҳои буҷети маҳаллӣ дар доираи иҷрои воқеии буҷет ба роҳ монда шуда, ба соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят бо назардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ 2904,3 миллион сомонӣ равона гардидааст. Ин нишондод 97 фоизи нақшаи хароҷоти буҷети маҳаллии вилоятро дар бар мегирад.
Дар ин хусус сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Чиллазода Аъзамҷон хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмӯъ 2685,8 миллион сомонӣ, ё ин ки 92,4 фоизи маблағҳои буҷети вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудаанд.
Пардохти фонди музди меҳнат ва дигар моддаҳои ҳимояшаванда аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ дар давраи ҳисоботи 2639,0 миллион сомониро ташкил дода, 91 фоизи хароҷоти умумии буҷетро дар бар мегирад. Аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат 2090,0 миллион сомонӣ, ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ 519 миллион сомонӣ, барои пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналию алоқа, 19,9 миллион сомонӣ ва барои идрорпулӣ, кӯмакпулӣ ва ҷубронпулиҳо 10,2 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Зикр гардид, маблағи рухсатпулии омӯзгорон 432,9 миллион сомониро дар бар гирифта, то инҷониб пурра пардохт карда шудааст.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ



