Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
Дар муҳити ҳунар кам иттифоқ меафтад, ки инсон на танҳо бо садо, балки бо симо ва ҳатто лаҳни гуфтораш ба ҳунарманди дигар шабоҳати зиёд дошта бошад. Қаҳрамони ин матлаб – Раҷабалӣ Воҳидов, овозхон ва омӯзгори мактаби санъати бачагонаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҷумлаи чунин афрод аст.
Солҳост, ки ӯ ба фаъолияти омӯзгорӣ ва овозхонӣ машғул мебошад. Аммо он чизе, ки бештар таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб кардааст, шабоҳати ҳайратангези ӯ – ҳам дар симо ва ҳам дар садо ба овозхони маъруфи тоҷик Қурбоналӣ Абдуллоев аст.
Садое, ки аз иҷрои Раҷабалӣ танин меандозад, барои бисёре аз шунавандагон ошно менамояд. То ҷое, ки баъзан ба ӯ бо номи Қурбоналӣ Абдуллоев муроҷиат мекунанд. Албатта, дар олами санъат шабоҳати овозҳо кам нест, аммо шабоҳати ҳамзамони садо, симо ва ҳатто баъзе ҳаракату лаҳни гуфтор воқеияти нодир ба ҳисоб меравад.
ГУМОНИ ЯК ШОГИРД
Яке аз хотираҳои фаромӯшношуданӣ дар зиндагии Раҷабалӣ Воҳидов ба рӯзҳои аввали фаъолияти омӯзгории ӯ рост меояд.
Рӯзе духтараке ҳангоми ворид шудани ӯ ба синфхона ногаҳон аз ҷо мехезад. Нигоҳаш пур аз ҳайрат буду гӯё ба шахсе менигарист, ки дер боз мешиносад. Пеш аз он ки омӯзгор худро муаррифӣ кунад, шогирд бо шавқу ҳаяҷон мегӯяд:
– Устод, ман баромадҳои шуморо аз телевизион бисёр тамошо мекунам ва сурудҳоятонро дӯст медорам.
Раҷабалӣ Воҳидов бо табассуми ором посух медиҳад:
– Духтарам, ман ҳам овозхон ҳастам, аммо он нафаре нестам, ки ту гумон мекунӣ.
Духтарак ҳанӯз ҳам бовар намекард. Симо, садо ва ҳатто тарзи табассум ба ҳадде монанд буданд, ки ӯ худро муқобили Қурбоналӣ Абдуллоев эҳсос мекард.
Ин гуна воқеа дар рӯзгори Раҷабалӣ зиёд рух додааст ва аз ҳамон рӯз сар карда, чунин ҳолатҳо дар зиндагии ӯ такрор мешуданд.
ЗАНГИ ТЕЛЕФОНӢ АЗ “САДОИ ХУД”
Шабоҳатҳои пайдарпай Раҷабалӣ Воҳидовро водор карданд, ки рӯзе бо Қурбоналӣ Абдуллоев аз наздик вохӯрад.
Бо ҳамин ният ӯ ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меравад – ҷое, ки он солҳо Қурбоналӣ Абдуллоев сурудҳояшро сабт мекард. Аммо он рӯз мулоқот муяссар намешавад. Раҷабалӣ рақами телефонашро мегузорад, то агар имкон бошад, овозхон бо ӯ тамос бигирад.
Баъди чанд муддат телефони ӯ занг мезанад.
– Гӯширо бардоштаму фикр кардам, ки садои худамро мешунавам, – ба ёд меорад Раҷабалӣ Воҳидов. – Вале он кас худи Қурбоналӣ Абдуллоев буданд.
Ба гуфтаи ӯ, суҳбат самимиву хотирмон гузаштааст. Қурбоналӣ Абдуллоев, ки табъи шӯх доштааст, бо ҳазл гуфтааст:
– «Қабул кунед, ки шумо ҳам Қурбоналӣ ҳастед. Чунки ман инро иҷозат додам».
Ин ҳолат барои Раҷабалӣ хотираи фаромӯшношуданӣ гардид.
ДУ РОҲ – ЯК ҲУНАР
Раҷабалӣ Воҳидов мегӯяд, ки аз монандӣ ба ҳунарманди дӯстдоштаи мардумӣ ифтихор мекунад, аммо мехоҳад пеш аз ҳама бо номи худ ва ҳунари худ шинохта шавад.
– Ман ҳам сабки худро дорам ва мехоҳам мардум маро ҳамчун Раҷабалӣ Воҳидов бишносад, – мегӯяд ӯ.
Ӯ, инчунин аз он афсӯс мехӯрад, ки имкони вохӯрии рӯ ба рӯ ва акси хотиравӣ бо Қурбоналӣ Абдуллоев барояш муяссар нашуд. Шояд тақдир чунин хоста буд: ба яке саҳна ва ба дигаре синфхона.
Қурбоналӣ Абдуллоев ҳанӯз аз овони ҷавонӣ бо садои форам ва таронаҳои дилнишинаш маҳбуби мардум гардид. Ӯ то синни 57-солагӣ дар саҳна ҳунарнамоӣ карда, соли 2021 аз олам чашм пӯшид.
Раҷабалӣ Воҳидов бошад, имрӯз бештар вақти худро ба таълиму тарбияи шогирдон мебахшад. Ӯ дар мактаби санъати бачагона ва инчунин дар муассисаҳои томактабии ноҳия фаъолият дошта, нозукиҳои овозхониро ба кӯдакону наврасон меомӯзонад.
САДОЕ, КИ НОМИ ХУДРО МЕҶӮЯД
Қиссаи Раҷабалӣ Воҳидов танҳо дар бораи шабоҳати зоҳирӣ ё монандии садо нест. Ин ҳикоя бештар аз сарнавишти ду инсон мегӯяд, ки бо вуҷуди монандӣ, ҳар кадоме роҳи хоси худро интихоб кардаанд.
Яке бо саҳна ва таронаҳояш дар хотири мардум монд. Дигаре бошад, бо синфхона, шогирдон ва муҳаббат ба ҳунар зиндагии худро маъно бахшид.
Шояд рӯзе садои Раҷабалӣ Воҳидов низ барои шунавандагон он қадар ошно гардад, ки мардум ҳангоми шуниданаш бигӯянд:
– Ин садои худи Раҷабалӣ Воҳидов аст.
Низоми ИСО
Добавить комментарий
Ахбор
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд 12:31ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД 14:30ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



