Бойгонӣ
Июль 2026 (12)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)
Март 2026 (12)
Февраль 2026 (31)

ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД


Бохтар, 10 июл. Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, роҳбари дастгоҳ ва муовинони раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолон иштирок намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи ҷаласа таъкид карданд, ки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии вазифаҳои дар Паёми Президенти мамлакат муайянгардида ва иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда, натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шудаанд.
Дар идома муовини раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар оид ба нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии вилоят ҳисобот пешниҳод намуд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 19,9 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеӣ 108,1 фоиз-ро ташкил додааст. Ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи рушди ҷумҳурӣ ба 24,3 фоиз баробар мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 6,2 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,9 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин муддат аз ҷониби соҳибкорон 46 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 443 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Соҳаи кишоварзӣ низ рушди устувор нишон дода, ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ба 17,8 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 971,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 1 миллион тонна сабзавот, 544,6 ҳазор тонна полезӣ, 176 ҳазор тонна картошка, 144,3 ҳазор тонна мева, 55,4 ҳазор тонна гӯшт ва 170,5 ҳазор тонна шир истеҳсол шудааст.
Дар самти сармоягузорӣ айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 48 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида, аз оғози татбиқи онҳо беш аз 1,2 миллиард доллари ИМА равона шудааст. Ҳаҷми сармояи хориҷии ҷалбшуда бошад, ба 1,6 миллион доллар расида, сармоягузории мустақими хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 маротиба афзоиш ёфтааст.
Гардиши савдо дар вилоят ба 13,3 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 1,6 миллиард сомонӣ расидааст. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бошад, 232,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110,8 фоиз зиёд гардидааст.
Дар бозори меҳнат низ нишондиҳандаҳо мусбат арзёбӣ шуданд. То 1 июли соли ҷорӣ дар вилоят 30 ҳазору 866 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, музди миёнаи меҳнат ба 2681 сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 22 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра қарздории музди меҳнат ба қайд гирифта нашудааст.
Дар бахши сохтмон ба маблағи 1,7 миллиард сомонӣ корҳои сохтмону васлкунӣ иҷро гардида, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай 7606 иншоот бунёд ё таъмир шудааст, ки 123,1 фоизи нақшаи умумиро ташкил медиҳад.
Дар соҳаи роҳу нақлиёт дар маҷмӯъ 1301 километр роҳ таъмиру азнавсозӣ шуда, ҳаҷми боркашонӣ ба 25,9 миллион тонна ва мусофиркашонӣ ба 100,3 миллион нафар расидааст.
Дар соҳаи маориф шумораи ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ ба 1167 нафар расида, нисбат ба соли гузашта 367 нафар зиёд шудааст. Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ низ то 33,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар бахши сайёҳӣ ба вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли ҷорӣ 930,9 ҳазор нафар сайёҳ, аз ҷумла 63,2 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ ташриф овардаанд. Ҳамчунин Форуми байналмилалии «Хатлон – сарзамини тамаддунҳо ва сайёҳат» дар мавзеи сайёҳии Чилдухтарон бо иштироки доираҳои соҳибкорӣ ва шарикони рушд баргузор гардид.
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода зимни баромади худ таъкид намуд, ки бояд тамоми саъю талош баҳри рушди бомароми маҷмуи соҳаҳои иқтисодиёт, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ сафарбар сохта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, зиндагии осоишта ва босаодати сокинони вилоят равона карда шавад.
Дар фарҷоми ҷаласа раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз масъулони сохторҳои вилоятӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ пурсиш карда, барои ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта дар соҳаҳои алоҳидаи фаъолият масъалагузорӣ намуда, ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки:
– ҷиҳати татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии мамлакат ва барномаҳои давлатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд;
– ба рушди истеҳсолот, соҳибкории хурду миёна ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ диққати бештар диҳанд;
– барои фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагии мардум, иҷрои пурраи нақшаҳои буҷет ва ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ талош намоянд;
– омодагии ҳамаҷонибаро ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин созанд.
“Дар баробари муваффақиятҳо ҳоло низ захираҳои истифоданашудаи зиёд мавҷуданд. Бовар дорам, ки бо заҳмати содиқонаи мардуми Хатлон ва ҳисси баланди масъулиятшиносии роҳбарон мо тамоми нақшаҳоро дар сатҳи сазовор амалӣ хоҳем кард”, – таъкид намуданд раиси вилоят Давлаталӣ Саид.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019