Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
Дар нишасти матбуотии Раёсати маорифи вилояти Хатлон гуфта шуд, ки дар соли 2026 дар вилоят сохтмони 341 иншооти соҳаи маориф бо 2894 синфхона ва 69456 ҷойи нишаст дар як баст сохтмону баистифодиҳиашон пешбинӣ шудааст. То 22 июли соли равон 50 иншоот бо 5040 ҷойи нишаст дар як баст сохта шудаст.
Тибқи иттилои Зиёдулло Абдулзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар ҳудуди вилоят айни замон 1403 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 942709 нафар хонанда таҳсил мекунад. Сифатнокии дониш дар ҷамъбасти чоряки 4-ум ба 57,2% ва дараҷаи азхудкунӣ ба 98,6% баробар шуд.
Дар вилоят 183 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 26078 кӯдак амал мекунад. Бо назардошти марказҳои инкишофи кӯдак дар маҷмӯъ 138232 нафар кӯдак бо таълими томактабӣ фаро гирифта шудааст, ки ин 33,2%-ро ташкил медиҳад. Дар айни замон сохтмони 34 муассисаи дигари томактабӣ идома дорад.
Дар соли таҳсили 2025-2026 дар 1354 муассисаи таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ 555432 нафар хонандаи синфҳои 5-11 аз 1312 кабинети технологияи иттилоотӣ истифода мебаранд. Дар муассисаҳои вилоят 36406 адад компютер, 5672 адад принтер, 2119 адад тахтаи электронӣ ва 2491 адад видеопроектор мавҷуд аст.
Дар муассисаҳои таълимии вилоят 50445 нафар омӯзгор кор мекунад, ки 73% онҳо дорои таҳсилоти олӣ мебошанд. Аз соли 2007 то имрӯз 3368 нафар омӯзгорони ҷавон соҳиби имтиёз гардиданд.
Тибқи маълумоти Маркази миллии тестӣ, то 20 июли соли равон 45935 нафар хатмкунандагон барои супоридани МТ ба қайд гирифта шуданд, ки 84,6% аз шумораи умумии пешбинишударо ташкил медиҳад.
Дар даври якуми озмуни ҷумҳуриявии "Шоҳномахонон" 230347 нафар, аз ҷумла 142954 духтар ва зан иштирок карданд. Ба даври сеюм 629 нафар роҳ ёфт.
Дар даври ниҳоии олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ хонандагони вилоят 1175 ҷойи намоёнро ишғол намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 375 ҷой зиёд аст. Аз он ҷумла 164 медали тилло ва 266 медали нуқра ба даст оварда шуд.
Ҳамзамон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ дар соли 2026 хонандагони вилоят 3640 медал ба даст оварданд, ки 2737 медал нисбат ба соли гузашта зиёд аст. Аз ҷумла 829 медали тилло, 1196 медали нуқра ва 1615 медали биринҷӣ.
Дар вилоят 14 муассисаи интернатӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 2748 нафар тарбиятгиранда ҷалб шудаанд.
М. Акрамов,
“САФО”
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ



