Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Имрӯз, 6 июл, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар аввалин нуқтаи хизматрасонии тарабхонаи машҳури “KFC” ба фаъолият оғоз намуд. Дар маросими ифтитоҳи он, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва роҳбарияти шаҳри Бохтар иштирок намуданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба “Сафо” иттилоъ доданд, иншооти мазкур дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии мамлакат аз ҷониби ҶДММ “Маззаи нав”, шарики расмии бренди байналмилалии “KFC” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дорои 120 ҷойи нишаст мебошад.
Бо ифтитоҳи ин тарабхона беш аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, барои рушди шуғли аҳолӣ ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ дар вилояти Хатлон мусоидат хоҳад кард.
Дар ин тарабхона навъҳои гуногуни маҳсулоти ғизоӣ аз гӯшти мурғ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии сифат ва бехатарии озуқаворӣ омода гардида, ба мизоҷон пешниҳод карда мешавад.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



