Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ФОТЕҲИ ВАХШОНЗАМИН
«Халқе, ки аҷдоди худро қадр мекунад ва гузаштаашро ҳифз мекунад, ояндаи нек дорад»
Эмомалӣ Раҳмон
Имсол барои халқи шарафманди тоҷику тоҷикистонӣ соли таърихиву фаромӯшнашаванда маҳсуб меёбад, зеро 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин санаи муборак моро водор месозад, ки ба саҳифаҳои пурифтихори таърих назар афканем ва аз корнамоиҳои шахсиятҳое ёдовар шавем, ки дар бунёд ва рушду нумӯи Ватан саҳми арзанда гузоштаанд.
Яке аз чунин шахсиятҳои барҷаста – аз аввалин фотеҳони Вахшонзамин, фидоии соҳаи кишоварзӣ ва роҳбари варзида, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Эшбек Сатторов мебошад.
Дар ибтидои солҳои 30-юми асри гузашта, замоне ки азхудкунии водии Вахш оғоз ёфт, оилаи Сатторовҳо аз ноҳияи Тирмизи вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ин сарзамини нав кӯч бастанд. Эшбек Сатторов, ки ҷавони соҳибмаълумот ва қобилиятнок буд, фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун муҳосиб дар хоҷагии навтаъсиси «Янгиобод»-и собиқ ноҳияи Ҷиликӯл (имрӯза ноҳияи Дӯстӣ) оғоз намуд.
Бо вуҷуди мушкилоти солҳои аввал, аҳли хоҷагӣ бо заҳмати шабонарӯзӣ заминҳои бекорхобида ва ботлоқзорро ба киштзорҳои ҳосилхез табдил доданд. Дар солҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ Эшбек Сатторов ихтиёрӣ ариза навишт, ки ба ҷанг меравад, аммо аз сабаби оне бародараш Норқобил ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуда буд, аризаи ӯро рад карданд.
Зимнан, Эшбек Сатторовро раиси хоҷагии “Янгиобод” таъйин мекунанд. Сарфи назар аз камбуди қувваи корӣ, Эшбек Сатторов ба ҳайси роҳбар масъулияти бузургро бар дӯш гирифта, рушди хоҷагиро таъмин намуд.

Бо ташаббуси ӯ муҳоҷирон аз ноҳияҳои кӯҳистон ба водӣ, ба мавзеи Ғароутӣ оварда шуда, барои онҳо манзилҳои истиқоматӣ бунёд гардид. Сол аз сол масоҳати кишт васеъ гардида, ҳосилнокии пахта ба 25–30 сентнер аз ҳар гектар расонида шуд.
Соли 1957 бо роҳбарии ӯ канали калони «Янгиобод» бо усули ҳашар канда шуда, заминҳои ташналаб бо оби фаровон таъмин гардиданд. Ин иқдом заминаи рушди босуръати тамоми соҳаҳои кишоварзиро фароҳам овард.
Дар натиҷаи заковат, малакаи баланди роҳбарӣ ва меҳнатдӯстии Эшбек Сатторов, хоҷагӣ ба яке аз пешсафтарин хоҷагиҳои ҷумҳурӣ табдил ёфт. Дар баробари рушди пахтакорӣ, соҳаҳои чорводорӣ, боғдорӣ ва дигар бахшҳо низ пешрафт карданд. Ҳамзамон, барои аҳолӣ мактабҳо, кӯдакистонҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва роҳҳо сохта шуданд.
Эшбек Сатторов на танҳо роҳбари муваффақ, балки инсони наҷибу мардумдӯст буд. Ӯ ҳамеша аз ҳолу аҳволи аҳли хоҷагӣ бохабар буда, ба мушкилоти онҳо бо меҳрубонӣ ва ғамхорӣ муносибат мекард.
Ӯ аз соли 1941 то соли 1974 роҳбарии хоҷагии «Янгиобод»-ро ба уҳда дошт. Дар ин давра майдони кишт аз 11 гектар ба 1830 гектар расида, истеҳсоли пахта то 6000 тонна афзоиш ёфт. Саршумори чорво низ ба маротиб зиёд гардид.
Ӯ барои хизматҳои арзандааш соли 1957 бо унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сарфароз гардонида шуда, ҳамчунин бо як қатор ордену медалҳо қадрдонӣ гардид.
Эшбек Сатторов дар баробари фаъолияти хоҷагидорӣ, ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуд. Ӯ дар якчанд даъват вакили Шурои Олӣ интихоб шуда, дар ҳаёти ҷамъиятӣ низ фаъолона иштирок дошт.
Роҳбарони аввали кишвар Турсун Улҷабоев ва Ҷаббор Расулов гоҳ-гоҳ меҳмони ин хоҷагии овозадор шуда, бо кори кишоварзони ботаҷриба шинос мешуданд.
Раиси пуртаҷрибаву номдор, деҳқони асилу фидоӣ, инсони комил Э. Сатторов ҳамчун фарзанди содиқи Ватан тамоми умри бобаракати хешро сарфи рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ, ободию пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвари азизамон намудааст.
Ӯ шахсияти фарҳангӣ, дурандеш ва инсондӯст буд, ки байни намояндагони миллатҳои гуногун дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро таҳким мебахшид. Ба кадрҳои ҷавон эътимод намуда, онҳоро аз рӯи дониш ва малакаашон қадр мекард.

Эшбек Сатторов падари 14 фарзанд буда, онҳоро дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ва ватандӯстӣ тарбия намудааст. Имрӯз фарзандонаш дар соҳаҳои гуногун фаъолияти пурсамар доранд ва идомадиҳандаи роҳи пуршарафи падар мебошанд.
Ба хотири гиромидошти номи неки ӯ, дар зодгоҳаш осорхона таъсис дода шуда, инчунин нимпайкарааш гузошта шудааст. Ин ҳама нишонаи эҳтиром ва қадршиносии мардум нисбат ба ин шахсияти барҷаста мебошад.
Бешак, бузургтарин дастоварди Эшбек Сатторов на танҳо ордену унвонҳо, балки ҷойгоҳи устувораш дар қалби мардум аст. Номе, ки бо меҳнати ҳалол ва хизмат ба халқ ҷовидона гардид.
Оре, инсон бо амалҳои нек ҷовидон мемонад.
Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст,
Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост.
А. Бобоев, ноҳияи Дӯстӣ
Добавить комментарий
Ахбор
Тоҷикистон – Ватанам 15:38РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД 14:39ХОҲАРОНИ КИТОБХОН 13:16ФОТЕҲИ ВАХШОНЗАМИН 13:10НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД 16:35АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН 15:07ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАМЗИ САОДАТИ НАСЛҲОИ ИМРӮЗУ ОЯНДА МЕБОШАД 15:05
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД




