Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БОНУИ МАТИНИРОДА
Фаъолияти босамари корӣ ва рӯзгори ибратомӯзи шахсоне, ки бо меҳнати ҳалол, хидмати содиқона ва заҳмати арзанда ба нафъи халқу Ватан ном баровардаанд, ҳамеша вирди забонҳо ва боиси эҳтирому қадршиносии ҷомеа мебошанд. Бешубҳа, меҳнати ҳалол, амали нек, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва масъулиятшиносии чунин ашхос барои дигарон намунаи ибрат ва мактаби зиндагист.
Қиссаи зиндагии пур аз пастиву баландиҳо, комёбиву нокомиҳо ва аз ҳама муҳим, саршор аз сабақу ибрати зани меҳнатдӯсту шарафманд – Одинамоҳ Боймуродова далели равшани ин гуфтаҳост.
БА ҶОЙИ САРСУХАН
Одинамоҳ Боймуродова 7 марти соли 1947 дар маркази ноҳияи Ёвон, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Падараш Боймурод Солиев яке аз шахсиятҳои соҳибобрӯи ноҳия ба шумор мерафт. Ӯ солҳои дароз дар вазифаҳои раиси колхоз, раиси ҷамоат ва директори хонаи маданият фаъолият намуда, дар байни мардум бо масъулиятшиносӣ ва хислатҳои некаш эҳтироми зиёд дошт.
Дар миёни ҳафт духтари оила Одинамоҳ бо қобилияту зиракӣ, чолокӣ ва меҳнатдӯстӣ фарқ мекард. Аз падари бомаърифату фозили худ бисёр чизҳоро омӯхт. Чунонки Сайидо фармудааст:
Чун мураббӣ шуд падар, фарзанд қобил мешавад.
Падар ба духтари меҳрубонаш бо меҳру эътимод мегуфт:
– Духтарам, хонда босавод шав. Бовар дорам, ки ту бо қобилияту сабру таҳаммул аз иҷрои ҳама кор мебароӣ.
ЗАРБАИ ТАҚДИР
Соли 1966 Одинамоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Ёвонро бомуваффақият хатм намуда, бо дониши хуб ва орзуҳои зиёд ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гардид.
Ӯ дар муддати кӯтоҳ ҳамчун донишҷӯи фаъолу болаёқат миёни ҳамдарсон ва устодон шинохта шуд. Ҳатто дар рӯзномаи ҷумҳуриявии “Маориф ва маданият” таҳти унвони “Имрӯзу фардои фирӯзи ман” андешаҳои худро дар бораи зиндагӣ, таҳсил ва ормонҳои ояндааш баён намуда буд. Устодони маъруфи донишгоҳ – Шарифҷон Ҳусейнзода, Наима Қаҳҳорова ва Воҳид Асрорӣ ба донишу ҷаҳонбинӣ ва истеъдоди ӯ баҳои баланд дода буданд. Аммо тақдир барои ӯ роҳи дигареро омода карда будааст. Аввал падараш аз дунё гузашт, баъди чанде модараш низ ба бемории вазнин гирифтор шуда, аз олам чашм пӯшид. Оила бесаробон монд. Нигоҳубин ва тарбияи шаш хоҳари хурдсол бар дӯши Одинамоҳ афтод.
Дар чунин рӯзҳои вазнин ӯ таҳсилро тарк карда, ба Ёвон баргашт.
РОҲИ ПУРМАШАҚҚАТИ МЕҲНАТ
Дар он солҳо дар ноҳияи Ёвон сохтмони нақби ҳафтунимкилометра идома дошт, ки тавассути он оби дарёи Вахш барои обёрии заминҳои ташналаби Ёвону Хуросон оварда мешуд.
Одинамоҳ тасмим гирифт роҳи зиндагиро бо меҳнат бисозад. Аввал курси шашмоҳаи механизаториро хатм кард. Сипас таҳсилро дар омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 48-и ноҳия идома дод.
Пас аз хатм ба ҳайси тракторчӣ-механизатор дар хоҷагии Ёвон-3 ба кор шуруъ кард.
Касби интихобкардаи ӯ бештар касби мардона ҳисоб мешуд, аммо иродаи матин ва масъулиятшиносии ӯ ҳар монеаеро паси сар мекард.
Насиҳати падар ҳамеша пеши назар буд: – Бовар дорам, ки ту бо қобилияту сабру таҳаммул аз иҷрои ҳама кор мебароӣ.
Одинамоҳ дар заминҳои пахтазор паси чанбараки трактори ДТ-75 ва Т-28 менишаст, заминро ҳамвор мекард, култиватсия мегузаронд ва дар парвариши пахта саҳми арзанда мегузошт. Ҳамзамон хоҳаронашро бо меҳнати ҳалол ба воя расонд, соҳибтарбия кард ва ҳар кадомро ба роҳи мустақили зиндагӣ гусел намуд.
Баъдан бо ҷавони дӯстдоштааш Тағоймурод Олимов, ки дар хоҷагӣ сармеханик буд, оила барпо кард. Шавҳараш дар тамоми марҳилаҳои зиндагӣ такягоҳи боэътимод ва шарики рӯзгор буд.
ШУҲРАТЕ, КИ АЗ МЕҲНАТ БА ДАСТ ОМАД
Меҳнати содиқона ва таҷрибаи бой ба Одинамоҳ Боймуродова шуҳрат овард. Дар мавсими ҷамъоварии пахта аввал бо мошини дуқатора ва баъдан бо мошини чорқатора ҳар сол садҳо тонна пахта ҷамъоварӣ менамуд.
Ӯ орзу дошт мисли механизаторзанони маъруфи кишвар – Қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ Гавҳарбӣ Пиракова, Хурсандой Розиқова ва Турсуной Охунова бо меҳнати содиқона обрӯи баланд пайдо кунад.
Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ӯро ҳамчун механизатори пешқадам ба хоҷагиҳои дигар низ барои мавсими ҳосилғундорӣ даъват мекарданд.
Соли 1975 тирамоҳи гарму хушк фаро расид. Ҳосили пахта фаровон буд. То иҷрои нақшаи пахтасупорӣ рӯзҳои кам монда буданд.
Шабона се механизатор бо мошинҳои пахтачинӣ дар саҳро кор мекарданд. Дар байни онҳо Одинамоҳ Боймуродова низ буд.
Субҳи барвақт котиби якуми Кумитаи ҳизбии ноҳия Эдуард Миртчян аз саҳро боздид намуда, ба ӯ рӯ оварда гуфт: – Раҳмат, духтарам. Рустамона кор кардӣ. Дар иҷрои нақша саҳми арзандаи худро гузоштӣ. Ин қадрдонӣ барои ӯ хотираи фаромӯшнашавандаи зиндагӣ гардид.
Барои хизматҳои арзанда бо “Нишони фахрӣ”, медали “100-солагии В.И. Ленин”, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои зиёд сарфароз гардид.
ДАР КОРҲОИ РОҲБАРӢ
Бо вуҷуди машғулиятҳои зиёд, барои баланд бардоштани сатҳи дониш талош мекард. Соли 1980 факултети агрономии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бомуваффақият хатм намуд. Соли 1984 ӯ раиси Ҷамоати деҳоти Норак таъйин гардид. Дар ин вазифа бо масъулиятшиносӣ ва ташаббускорӣ фаъолият намуда, корҳои зиёди ободонӣ анҷом дод.
Бо пешниҳоди ӯ ба сокинони эҳтиёҷманд заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо гардиданд. Дар натиҷа садҳо хоҷагӣ ва деҳаҳои нав бунёд ёфтанд.
Мактаб, бунгоҳи тиббӣ, боғча-яслӣ сохта шуд. Роҳҳо мумфарш гардида, хатҳои оби нӯшокӣ гузаронида шуданд. Соли 1989 раиси иттифоқи касабаи хоҷагӣ интихоб шуда, то соли 2003 дар ин вазифа фаъолият кард.
Ҳамеша барои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқи кормандон талош менамуд. Бо боварии мардум дар тули бист сол дар чор даъват вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб гардид. Пас аз он низ чанд соли дигар дар соҳаи кишоварзӣ ба ҳайси агроном фаъолият намуд. Одинамоҳ Боймуродова беш аз панҷоҳ соли умри худро ба замин ва рушди соҳаи кишоварзӣ бахшид. Аз он ифтихор дорад, ки чор нафар фарзандонаш соҳиби маълумоти олӣ буда, имрӯз низ бо роҳи падару модар барои пешрафти Тоҷикистони азиз содиқона меҳнат мекунанд. Оре, Одинамоҳ Боймуродова тамоми донишу таҷриба ва умри пурбаракати худро бо дили соф, дасти пок ва меҳнати ҳалол ба халқу Ватан бахшид. Имрӯз ҳам дар байни мардум бо эҳтирому обрӯи баланд ёд мешавад. Шоир дар васфи чунин одамони шарафманд бамаврид гуфтааст:
Дар ҷаҳон донӣ, кӣ гардад муътабар?
Он ки ӯро пок мебошад назар.
А. Комрон, ноҳияи Ёвон
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР



