Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки бо ташаббуси инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қабул гардид, барои ҳазорон нафар шаҳрвандон имкони бозгашт ба ҳаёти осоишта ва оғози марҳилаи нави зиндагиро фароҳам овард. Ин иқдоми башардӯстона боз як бор аз сиёсати инсонмеҳвар ва ғамхоронаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон дарак медиҳад, ки ҳадафи аслии он ислоҳ мебошад.
Дар доираи татбиқи ин қонун нисбат ба 515 нафар зане, ки дар муассисаи ислоҳии 3/8-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак адои ҷазо менамуданд, авф татбиқ гардид. Барои ин занон рӯзи авф на танҳо рӯзи озодӣ, балки рӯзи эҳёи умед, бозёфти меҳру муҳаббати оила ва оғози зиндагии нав маҳсуб мешавад.
Ванҷигули Лангаршоҳ, муовини сардори муассиса оид ба кор бо ҳайати шахсӣ ва тарбияи маҳкумшудагон таъкид намуд, ки сиёсати авф дар Тоҷикистон самараи бевоситаи ғамхориҳои роҳбарияти давлат нисбат ба сарнавишти шаҳрвандон мебошад. «Муҳтарам Президенти кишвар бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ борҳо ба маҳкумшудагон имконият додаанд, ки аз адои ҷазо озод гардида, роҳи ислоҳро пеш гиранд. Ин иқдом барои бозгашт ба зиндагии орому осуда, машғул шудан ба корҳои созанда ва қадршиносии неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад», – гуфт ӯ.
Рӯзи татбиқи авф барои заноне, ки солҳо аз фарзандон ва наздикони худ дур буданд, лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда буд. Ашки шодӣ, дуои модарон ва умеди дидори азизон фазои муассисаро фаро гирифта буд.
Яке аз авфшудагон Мавлуда Боймуродзода ин иқдомро нишонаи ғамхории пайвастаи давлат нисбат ба шаҳрвандон арзёбӣ намуда, гуфт:
«Пеш аз ҳама, миннатдории самимии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам. Мо ҳамеша эҳсос мекардем, ки ҳатто дар муассисаи ислоҳӣ низ таҳти таваҷҷуҳ ва дастгирии давлат қарор дорем. Имрӯз бо умеди нав ба зиндагӣ бармегардем ва тамоми кӯшишамонро ба харҷ медиҳем, то боварии давлатро сазовор бошем».
Авфшудагон бар он назаранд, ки ин имконият онҳоро водор месозад, то хатогиҳои гузаштаро ислоҳ намуда, дар ҷомеа ҳамчун шаҳрвандони масъул зиндагӣ кунанд. Тавре Суҳайл Юлдошева гуфт:
«Аз ин иқдоми башардӯстонаи Роҳбари давлат бисёр хушҳолем. Солҳо интизори чунин рӯз будем. Имрӯз имконият пайдо кардем, ки дубора ба назди фарзандон ва пайвандони худ баргардем. Аз амалҳои содирнамудаамон самимона пушаймон ҳастем ва минбаъд кӯшиш мекунем зиндагии шоиста дошта бошем».
Қонуни авф дар Тоҷикистон ҳамеша ҳамчун санади муҳими инсонпарварона пазируфта шуда, ба таҳкими арзишҳои ахлоқӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва таҳкими суботи иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Авфшудаи дигар Сабинаи Шамсуддин низ эҳсосоти худро чунин баён кард:
«Аз самими қалб ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос менамоям. Мо фахр мекунем, ки чунин Роҳбари ғамхору инсонпарвар дорем. Ин рӯз барои мо рӯзи умед ва оғози зиндагии нав аст».
Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» бори дигар собит сохт, ки сиёсати давлатии Тоҷикистон ба арзишҳои инсондӯстӣ, бахшиш ва фароҳам овардани имконият барои ислоҳи шаҳрвандон асос ёфтааст. Заноне, ки имрӯз ба оғӯши гарми оила ва ҷомеа бармегарданд, бо худ умед, масъулият ва орзуҳои нав мебаранд.
М. Акрамов,
“САФО”
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



