Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 ба даст омад, барои тамоми гӯшаву канори кишвар марҳилаи нави рушду пешрафтро оғоз бахшид. Ноҳияи Ҷайҳун низ ҳамчун яке аз минтақаҳои кишоварзии вилояти Хатлон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Бо шарофати сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия сол ба сол густариш ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум ба маротиб беҳтар гардидааст.
Имрӯз сокинони меҳнатқарини ноҳия дар баробари саҳмгузорӣ дар таъмини бозорҳои дохиливу хориҷӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкориро вусъат бахшидаанд.

Тавре раиси ноҳияи Ҷайҳун Ализод Азизулло Муҳибулло зимни суҳбат иброз дошт, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ноҳия, мисли дигар минтақаҳои кишвар, давраи мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ буд. Бо барқарор шудани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои рушди устувори ноҳия заминаҳои мусоид фароҳам омаданд.
Ба гуфтаи ӯ, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири агротехникӣ ба афзоиши истеҳсолот мусоидат намуданд. Дар натиҷа, кишоварзони ноҳия имрӯз дар таъмини бозорҳои дохиливу хориҷӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушсифат саҳми арзанда мегузоранд. Деҳқонон аз заминҳои ҳосилхез самаранок истифода бурда, ҳамасола ҳосили фаровони пахта, ғалладона, сабзавот, полезӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол мекунанд.

Раиси ноҳия иброз дошт, ки дар баробари рушди кишоварзӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ низ дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вусъати тоза гирифтаанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ даҳҳо иншооти муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд гардида, роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид ва шабакаҳои обтаъминкунӣ азнавсозӣ шудаанд. Бунёди иншооти нав имкон фароҳам овардааст, ки зиёда аз ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин гарданд ва сатҳи зиндагии аҳолӣ боз ҳам беҳтар шавад.
Ба гуфтаи Ализод Азизулло Муҳибулло, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия сохтмони 504 иншооти таъйиноти гуногун пешбинӣ шудааст. То имрӯз 438 адади онҳо бо маблағи беш аз 146 миллион сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шудаанд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти боқимонда идома дошта, то санаи ҷашн мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Яке аз муҳимтарин лоиҳаҳое, ки имрӯз дар ноҳия амалӣ мегардад, сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 500 мегаватт мебошад. Ба гуфтаи раиси ноҳия, арзиши умумии тарҳ 125 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, он бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ татбиқ мешавад.
Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ширкати «Аён Энерҷӣ» ҳамчун сармоягузори маҳаллӣ ва ҶДММ «Тоҷикгидроэлектромонтаж» дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ амалӣ гардида, ин тарҳ аз ҷумлаи бузургтарин лоиҳаҳои энергетикии минтақа маҳсуб меёбад. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳ таъминот бо неруи барқ барои аҳолӣ ва бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ беҳтар хоҳад шуд.
Бояд зикр намуд, ки 20 ноябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оғози корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун ҳусни оғоз бахшида буданд.

Амалишавии ин тарҳи бузурги энергетикӣ ва таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ гувоҳи он аст, ки ноҳияи Ҷайҳун оянда дар баробари пешсафӣ дар соҳаи кишоварзӣ метавонад ба яке аз марказҳои муҳими рушди саноат низ табдил ёбад.
Дар маҷмуъ, даврони соҳибистиқлолӣ барои ноҳияи Ҷайҳун давраи созандагӣ, пешрафт ва шукуфоӣ арзёбӣ мегардад. Дар ин муддат дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои мусбат ба амал омада, сатҳу сифати зиндагии мардум ба таври назаррас беҳтар шудааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ, н. Ҷайҳун,
“САФО”
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ




