Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
– Салом, хоҳараки донишманди ман, Гесуҷон! Хубӣ? Ба назар мерасад, ки ҳоло дарсҳоро ҷамъбаст кардӣ. Агар фурсат дошта бошӣ, мехоҳам чанд савол диҳам?
– Бале, дарсҳои имрӯза ҷамъбаст шуданд. Ҳоло ба хона рафта истодаам. Агар дер кунам, модарам нигарон мешавад. Метавонед дар роҳ саволҳоятонро диҳед. Ман омодаам ба ҳамаи онҳо ҷавоб гӯям.
Суҳбати мо бо ҳамин тарз оғоз гардид. Ҳамсуҳбати ман духтараки зираку донишманд – Гесу буд, ки айни ҳол дар синфи ҳафтуми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Ёвон таҳсил мекунад. Суҳбати мо аз саҳни муассиса оғоз ёфта, то расидан ба манзили зисташон идома ёфт.
Шиносоии ман бо ӯ ба соли 2022 рост меояд. Он сол Китобхонаи шаҳри Бохтар озмуни онлайнии «Модар фаришта буд»-ро баргузор мекард. Дар миёни наворҳои ирсолшуда қироати як духтараки ширинсухан диққати маро ҷалб кард. Ман ҳамчун масъули озмун аз маҳорати қироат, мувофиқати имову ишораҳо ба мазмун ва оҳанги шеър ба ваҷд омадам. Ниҳоят, ӯ аз ҷумлаи ғолибони озмун дониста шуд. Ҳамон сол Гесу дар озмуни вилоятии «Ровии беҳтарин» низ сазовори Шоҳҷоиза гардид.
Соли 2023 ӯ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» ҷойи сеюмро соҳиб шуд. Илова бар ин, дар даҳҳо озмуну олимпиадаҳо иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардидааст. Ӯ ҳамасола дар олимпиада аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ширкат варзида, натиҷаҳои назаррас ба даст меорад.
Аз вохӯрии аввалини мо се сол сипарӣ шуд. Вақте шунидам, ки ду фарзанди як оила дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд, шавқи дидор ва суҳбат бо онҳо маро ба ноҳияи Ёвон бурд.
Дар рафти суҳбат маълум гардид, ки дӯстии Гесу бо китоб аз овони кӯдакӣ оғоз ёфтааст.
– Ҳар гоҳе ки вақти холӣ пайдо кунам, ҳатман китоб мехонам. Дастовардҳои ман танҳо натиҷаи мутолиа нестанд, балки аз дастгирии пайвастаи волидайн низ маншаъ мегиранд, – мегӯяд ӯ.
Дар роҳи хона Гесу аз китобҳои дӯстдошта ва адибони маҳбубаш қисса мекард. Ӯ бештар осори Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Пӯлод Толис, Болта Ортиқов, Насим Раҷаб, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Юсуфҷон Аҳмадзода, Убайд Раҷаб, Латофат Кенҷаева, Маҷид Салим ва Азизи Азизро мутолиа кардааст.
Ҳангоми суҳбат эҳсос мешуд, ки ӯ китобҳоро на танҳо барои иштирок дар озмунҳо, балки аз рӯйи муҳаббат ба дониш мутолиа мекунад. Аз қаҳрамонони асарҳо чунон бо шавқу ҳаяҷон нақл менамуд, ки гӯё худ яке аз иштирокдорони воқеаҳо бошад. Ин ҳама аз меҳру муҳаббати самимии ӯ ба китобу маърифат дарак медод.
Ба хонаи онҳо расидем. Ҳавлӣ тозаву озода буд. Ҳангоми ворид шудан ба меҳмонхона чашмам ба гӯшае афтид, ки дар он рафҳои китоб ҷойгир буданд. Пеш аз он ки ба меҳмонхона дароям, беихтиёр ба назди ҷевони китобҳо рафтам. Дар рафҳо китобҳои сершумори бадеии адибони тоҷику хориҷӣ бо завқу салиқа ва тартиби хос ҷобаҷо шуда буданд.
Ду ҷилди китоби «Шоҳнома» кушода рӯи миз қарор дошт ва дар паҳлуяшон чанд бастаи ҳуҷҷатҳо дида мешуд. Аз ин маълум буд, ки касе аз аҳли ин хонадон барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» омодагӣ мебинад.
Модари Гесу – Фарзона Нуралиева моро самимона пешвоз гирифт. Дар ҷараёни суҳбат маълум гардид, ки аз дастовардҳои фарзандонаш ифтихори зиёд дорад. Ӯ бо меҳру муҳаббат аз талошу заҳматҳои онҳо чунин қисса мекард:
– Мо оилаи хушбахтем. Падари фарзандон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Албатта, зиндагӣ мушкилоти худро дорад, аммо ҳамеша кӯшиш менамоем, ки фарзандон аз китоб ва дониш дур намонанд. То ҷое имконият дорем, барои онҳо китобҳои заруриро дастрас мекунем, то дар роҳи омӯзиш ба мушкилӣ рӯ ба рӯ нашаванд. Духтарон то дергоҳи шаб низ машғули мутолиа мешаванд. Хаста мегарданд, аммо китобро канор намегузоранд. Дидани шавқу рағбати онҳо ба китобхонӣ моро низ руҳбаланд мекунад.
Падари хонадон Раҷаббек Сироҷиддинов, ки барои таъмини рӯзгори аҳли оила дар муҳоҷират қарор дорад, аз муваффақиятҳои фарзандонаш ифтихор мекунад. Бо ӯ тавассути телефон ҳамсуҳбат шудам ва чунин ибрози назар намуд:
– Бузургтарин орзуи ман ин аст, ки фарзандонам соҳибмаълумоту соҳибкасб гарданд. Мехоҳам онҳо роҳи зиндагиро аз ман беҳтару бобарортар тай намоянд. Аз ҳамин хотир, ҳар қадар тавонам, онҳоро дастгирӣ мекунам. Ҳар боре, ки аз дастоварди нави фарзандонам огоҳ мешавам, тамоми хастагии муҳоҷиратро фаромӯш мекунам. Вақте фаҳмидам, ки Шукрона низ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муваффақ шудааст, ашки шодӣ дар чашмонам ҳалқа зад. Он рӯз худро хушбахттарин падар эҳсос кардам. Сарват рӯзе тамом мешавад, аммо дониш боқӣ мемонад. Китоб метавонад сарнавишти инсонро дигаргун созад. Аз ҳамин сабаб ҳамеша ба фарзандонам таъкид мекунам, ки илм омӯзанд ва барои ояндаи худ заминаи мустаҳкам гузоранд.
Фарзанди дигари хонадон – Шукрона, ки дар синфи дуюм таҳсил мекунад, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ӯ соли 2025 аз рӯйи номинатсияи «адабиёти классикии тоҷик» сазовори ҷойи дуюм шуд.
Ҳамин тавр, ду фарзанди як оила тавонистаанд дар миёни ҳазорҳо довталаб маҳорати худро нишон дода, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гарданд.
Ин падару модари хушбахт соҳиби панҷ духтар мебошанд: Шоҳона, Гесу, Шукрона, Фараҳноз ва Сафия. Шоҳона, ки фарзанди калонии оила аст, айни ҳол синфи даҳумро хатм кардааст. Ӯ низ иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад. Фараҳноз ва Шукрона дар як синф таҳсил мекунанд. Сафия бошад, ҳоло ҳамагӣ дусола аст.
Ҳангоми суҳбат бо Гесу ва Шукрона маълум гардид, ки онҳо барои иштирок дар озмунҳо омодагии ҷиддӣ мебинанд. Ҳар рӯз вақти муайянеро барои мутолиа ва такрори асарҳо ҷудо мекунанд. Гесу мегӯяд:
– Аввалҳо мутолиаи китобҳои ҳаҷман калон бароям душвор менамуд. Аммо баъдтар дарк кардам, ки ҳар қадар бештар бихонам, ҳамон қадар шавқу рағбатам зиёд мешавад. Шукрона низ чунин андеша дорад:
– Озмун танҳо барои гирифтани ҷой нест. Мо дар ин раванд бисёр чизҳоро омӯхтем, бо адибону осори онҳо ошно шудем ва ҷаҳонбиниамон васеъ гардид.
Хоҳарон аз ҳамдигар низ бисёр меомӯзанд. – Агар яке чизеро нафаҳмем, дигарӣ ба мо кумак мекунад. Мо рақиб нестем, балки ёвари якдигарем, – мегӯянд онҳо.
Омӯзгорони мактаб низ дар комёбиҳои ин шогирдон саҳми арзанда доранд. Ба гуфтаи роҳбарияти муассиса, Гесу ва Шукрона аз ҷумлаи хонандагони фаъол, масъулиятшинос ва донишдӯст ба шумор мераванд.
Айни ҳол ҳар ду хоҳар барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» омодагӣ мебинанд. Онҳо дар даври ноҳиявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, тасмим доранд, ки аз таътили тобистона самаранок истифода намуда, ба даври вилоятӣ боз ҳам беҳтар омода шаванд.
Ҳангоми хайрухуш аз Гесу пурсидам: – Ба ҳамсолонат чӣ маслиҳат медиҳӣ?
Ӯ каме андеша карда, бо итминон ҷавоб дод: – Китоб хонанд.
Дар замоне, ки технологияҳои муосир қисми зиёди вақти наврасонро фаро гирифтаанд, дидани чунин кӯдакону наврасони китобдӯст ба инсон умед мебахшад. Муваффақияти ин ду хоҳар нишон медиҳад, ки агар дар оила муҳаббат ба дониш ва маърифат вуҷуд дошта бошад, ҳатто мушкилоти зиндагӣ наметавонанд садди роҳи пешрафт гарданд.
Падару модари меҳрубон ва духтарони китобдӯст хулоса намудаанд, ки сарвати воқеӣ на молу мулк, балки дониш ва маърифат аст.
Имрӯз онҳо бо дастовардҳои худ мояи ифтихори падару модар, омӯзгорон ва ҷомеа гардидаанд. Умедворем, ки оянда маҳз ҳамин гуна фарзандони донишманд барои рушду пешрафти Ватан хизматҳои арзанда анҷом медиҳанд.
Раҳимҷони Ватан,
рӯзноманигор
Добавить комментарий
Ахбор
Тоҷикистон – Ватанам 15:38РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД 14:39ХОҲАРОНИ КИТОБХОН 13:16ФОТЕҲИ ВАХШОНЗАМИН 13:10НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД 16:35АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН 15:07ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАМЗИ САОДАТИ НАСЛҲОИ ИМРӮЗУ ОЯНДА МЕБОШАД 15:05
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД




