Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, ДАЪВАТИ ШАШУМ
Дирӯз, 11 март, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум баргузор гардид. Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, пас аз садо додани Суруди миллӣ ахбороти Қурбоналӣ Қурбонзода, раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шунида шуд. Қ. Қурбонзода зикр намуд, ки 1 марти соли 2020 дар 1068 участкаи овоздиҳӣ бо иштироки қариб якуним миллион нафар интихобкунанда интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон баргузор гардид.
Ба иттилои мавсуф, дар ҳудуди вилоят 69 ҳавзаи вилоятии интихоботӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби Комиссияи вилоятии интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 253 номзад ба қайд гирифта шуда буданд.
- Ин маъракаи муҳими сиёсӣ, чуноне ки мушоҳидони байналмилалӣ эътироф намуданд, озоду шаффоф ҷараён гирифт ва ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят мутахассисони баландпоя, шахсони соҳибобрӯ, донишманду соҳибмаърифат ва арзанда интихоб гаштанд, - илова кард раиси Комиссияи вилоятии интихобот.
Сипас, ваколати ҳамаи 69 вакили интихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум тасдиқ гардида, вакилон дар назди халқу давлат савганд ёд намуданд.
Аз рӯйи масъалаҳои сеюму чоруми кори иҷлосия вакилони тозаинтихоб Дастури кории Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашумро тасдиқ ва комиссияҳои доимии маҷдисро ташкил намуданд. Инчунин ҳайат ва Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум тасдиқ карда шуд.
Аз ҷониби вакилони маҷлиси вилоятӣ номзадии Қурбон Ҳакимзода - вакил аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №8 ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардида, мавриди дастгирӣ қарор ёфт.
Пас аз баррасии масъалаҳои ҷорӣ иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати якум ба кори худ хотима бахшид.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР