Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
17 июн 10:03АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Маърифат ва тандурустӣ / Маслиҳати муфид
Фоидаи пиёзи сабз
Пиёзи сабз яке аз сабзавоти серфоида барои саломатии инсон аст ва маҳз бо ҳамин сабаб дар ҷаҳон маъмул мебошад. Қисми лозимаи он пояи сафед ва баргҳои сабзи наздики он мебошад, ки моддаҳои фоидаовар доранд.
Пиёзи сабз сарчашмаи хуби витамини А мебошад. Витамини А барои нигоҳубини чашм зарур аст, зеро ба пигменти чашм (родопсин) табдил ёфта, барои дидани хуб кӯмак мекунад. Норасоии ин витамин боиси заифшавии биноӣ мегардад. Бо илова кардани пиёзи сабз ба ғизо, метавон ин камбудиро ҷуброн кард.
Афшураи пиёзи сабз мисли антибиотики табиӣ амал мекунад. Он барои пешгирии зуком ва бемориҳои сироятӣ ва инчунин барои беҳтар кардани мубодилаи моддаҳо кумак мерасонад.
Пиёзи сабз дорои моддаҳои квертсетин ва антотсиан мебошад, ки онҳо иммунитетро пурқувват мекунанд ва таъсири зиддисаратонӣ доранд.
Инчунин пиёзи сабз раванди пиршавиро суст мекунад. Витаминҳои А ва С дар таркиби он ҳуҷайраҳоро аз вайроншавӣ муҳофизат мекунанд ва бар зидди радикалҳои озод мубориза мебаранд.
Пиёзи сабз барои саломатии устухонҳо низ муфид аст. Дар як барги он 16% витамини К мавҷуд аст, ки барои мустаҳкамии устухон зарур аст ва аз бемориҳои устухон пешгирӣ мекунад.
Барои занони ҳомила пиёзи сабз тавсия мешавад, зеро он ба рушди солими асаби кӯдак мусоидат мекунад.
Ғизои дорои пиёзи сабз иштиҳоро зиёд мекунад ва барои зебоии пӯст, мӯй ва нохунҳо низ фоидаовар аст, чунки таркиби он руҳ (цинк) дорад.
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



