19 фев 10:41АСОСӢ / Сиёсат

ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ БОХТАР №26 БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

     1-уми марти соли 2020 маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор мегардад.

Бо мақсади огоҳ шудан аз ҷараёни омодагиҳо ба ин маъракаи муҳим бо раиси комиссияи ҳавзаи якмандатаи интихоботии Бохтар №26 Ашурзода Амонулло Ашур суҳбат намудем. Бино ба иттилои ӯ ҳавзаи якмандатаи интихоботӣ оид ба интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби шаҳри Бохтар, шаҳри Левакант ва як қисми ноҳияи Кӯшониён ташкил карда шудааст. 

Дар ҳавза 71 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст. 38 участкаи интихоботӣ дар шаҳри Бохтар, 17 участка дар Левакант ва 16 участкаи интихоботӣ дар ноҳияи Кӯшониён. Дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ тамоми корҳои марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ, ҳуҷраҳои овоздиҳӣ, маводҳои иттилоотӣ, рӯйхати интихобкунандагон, китобҳои бақайдгирӣ, протоколҳои ҷаласаҳои баргузоршуда, дастурамалҳои интихоботӣ ва маводҳои конселярӣ таъмин карда шуда, шиору овезаҳо насб гардидаанд. Ҳамзамон, барои интихобкунандагоне, ки вазъи саломатиашон хуб нест ва ба макони ҷойгиршавии интихобот омада наметавонанд, қуттиҳои сайёр ташкил карда шудааст. Дар баробари ин бо мақсади ба роҳ мондани муоширати дуруст бо нозирони хориҷӣ 26 гурӯҳи волонтёрҳо аз ҳисоби донишҷӯёни ДДБ ба номи Носири Хусрав, ки забонҳои англисӣ ва русиро балад ҳастанд, омодаанд.  

То ин замон аз рӯйи маълумотҳои оморӣ дар ин ҳавза 104 ҳазору 64 нафар интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Бохтар 51 ҳазору 339 нафар, дар шаҳри Левакант  27 ҳазору  455 нафар ва дар ноҳияи Кӯшониён 25 ҳазору 255 нафар. Зимнан, аз тарафи аъзоёни комиссияи участкаҳои интихоботӣ ҳам барӯйхатгирии интихобкунандагон гузаронида шуда, муқаррар карда шуд, ки дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии Бохтар №26-ум 99 ҳазору 753 нафар интихобкунанда, аз ҷумла, дар ҳудуди шаҳри Бохтар 47 ҳазору 475 нафар, дар шаҳри Левакант 26 хазору 548 нафар ва дар ноҳияи Кӯшониён 25 ҳазору 730 нафар ба қайд гирифта шуд. 

Аз ҳавзаи мазкур номзадии 5 нафар ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешбарӣ шудааст. Як нафар аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, як нафар аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, як нафар аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва ду нафар ба тариқи худпешбарӣ. Бақайдгирии номзадҳо дар асоси дастуру супоришҳое, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми декабри соли 2019 таҳти №18 муайян кардааст, сурат гирифт. Сатҳи донистани забони давлатии номзадҳо аз ҷониби комиссияи босалоҳият муайян карда шуд. 

Бо мақсади таъмини иштироки фаъоли интихобкунандагон пайваста дар миёни аҳолӣ корҳои оммафаҳмонӣ гузаронида шуда истодааст. 


Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Маҷалаи №6-2019