Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
15 авг 16:03АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Иқтисод / Мақолаҳо / Чеҳра / Сохтмон ва меъморӣ
Ҳалима Гадоева: “Ватани моро ба ҷуз худи мо касе обод намекунад”
Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат босуръат идома доранд. Дар ин кори хайр на танҳо сохторҳои давлатию соҳибкорон, балки сокинони ватандӯсти маҳаллӣ низ саҳм мегузоранд.
Бо ҷонибдорӣ аз ин гуна иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Ҳалима Гадоева маблағеро, ки барои зиёрати хонаи Худо ҷамъоварӣ карда буд, дар корҳои ободонӣ масраф намуд.
Ин зани 62 сола бо маслиҳати фарзандон роҳи мушкилгузари деҳаашро обод намуда, рафтуомади бемамонияти ҳамдеҳагонашро таъмин кард.
-Ман тариқи оинаи нилгун мулоқоти Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар тамошо карда, аз ин мулоқот илҳом гирифтам ва бо маслиҳати фарзандон ин кори хайрро роҳандозӣ кардам, - гуфт зимни суҳбат Ҳалима Гадоева. – Дар фасли зимистон рафтуомади ҳамдеҳагон тариқи ин роҳ мушкил буд. Аз ҳамин сабаб ман ба хулосае омадам, ки зиёрати хонаи худо нарафта, ин роҳи деҳаро мумфарш намоям, рафтуомади бемамонияти ҳамдеҳагон ва ҳар нафаре, ки ба деҳаи мо меояд, таъмин созам, - мегӯяд холаи Ҳалима.
Ин оилаи намунавӣ дар марҳилаи аввал се километр роҳро тахту ҳамвор намуда, сипас қисмати зиёди онро мумфарш карданд. Онҳо боз мақсад доранд ин роҳро ба пуррагӣ асфалтпӯш намуда, саҳми арзандаи хешро дар корҳои созандагию бунёдкорӣ, ки ҳамеша Роҳбари давлат тамоми қишрҳои ҷомеаро ба ин гуна корҳо раҳнамун месозад, гузоранд.
Холаи Ҳалима гарчанде худ маълумоти олӣ надорад, фарзандони хешро таълиму тарбияи хуб додааст. Ҳафт фарзанди ӯ соҳиби маълумоти олӣ буда, дар корҳои гуногуни ҷамъиятиву давлатӣ ба халқу ватани азизи хеш аз сидқи дил хизмат намуда истодаанд.
-Мо рӯзҳои вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намудем. Шукронаи Худо, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистони биҳиштосои мо сулҳу ваҳдат ҳукмфармо асту мардуми сарбаланди тоҷик зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушу хурсандона зиндагӣ доранд. Халқи тоҷик аз азал халқи меҳнаткашу ободгар шинохта шудааст. Ҳамарӯза тариқи оинаи нилгун мебинам, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои созандагию бунёдкорӣ бо ҷӯшу хурӯш идома доранд. Тоҷикистони моро имрӯзҳо дар тамоми дунё мешиносанду эътироф мекунанд. Пас мо вазифадорем, ки дар пешрафту гулгулшукуфоии Ватани азизи хеш саҳмгузор бошем, - гуфт дар идомаи суҳбат холаи Ҳалима.
Ин зани меҳрубон бештари умри хешро дар корҳои хоҷагидорӣ гузаронидааст. Ба синни 62 –солагии хеш нигоҳ накарда, аз уҳдаи кори замин хуб мебарояд ва ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигии хешро мақсаднок истифода мебарад. Имрӯзҳо дар замини холаи Ҳалима тамоми сабзавот, аз қабили помидору бодиринг, кадую лубиёдонагиҳо кабидию ҷуворимаккаи дон кишт шудаанд, ки ҳамарӯза аҳли оила ва ҳамсояҳо аз дастранҷи парваришкардаи холаи Ҳалима истифода менамоянд.
Ҳамсояҳо холаи Ҳалимаро ҳамчун як зан – модари ҳалиму меҳрубон ва дастбахайр мешиносанду эҳтром менамоянд. Ба гуфти чанде аз ҳамсояҳои холаи Ҳалима аз замоне, ки ӯ шавҳар карда ба инҷо келин шуда омад, дасти мададаш қариб, ки ба тамоми аҳли деҳа расидааст. Дар тамоми маросими хурсандӣ ва азодории аҳли деҳа шарик буда, бо хислати ҳамидаи хеш дар байни ҳамдеҳагон соҳибэҳтиром аст.
Феълан холаи Ҳалима бо 7 фарзанд ва 25 набера дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад. Худро хушбахту сарфароз мешуморад, ки фарзандоро тарбияи хуб додааст.
-Ман пайваста ба фарзандонам насиҳат мекунам, ки дар ҳамаи корҳои ободонию созандагии диёри хеш саҳмгузор бошанд. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боҳо гуфтаанд, Ватани моро ба ҷуз худи мо касе обод намекунад. Имрӯзҳо шукронаи тинҷию амонии Ватан кардан лозим. Ва ин амну осоиши Тоҷикистони азизро чун гавҳаракаи чашм бояд муҳофиз бошем ва нагузорем, ки ҳар нохалафе ин осудагию оромии кишвари моро халалдор созад, - гуфт дар фарҷоми суҳбат Ҳалима Гадоева.
Сулаймон СУЛТОНОВ, н. Ҷ. Балхӣ.
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
ДАР ШАШ МОҲ 18 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУДААСТ
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БУНЁДИ 21 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАШ МОҲ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ҚИССАИ ЯК ЗИНДАГИИ СОДИҚОНА
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»