МУРАББО АЗ ЛИМӮ
Шакар - 2 кг
Об - 2 истакон
Лимӯро дар оби равон шуста мегирем ва барои моддаҳои кимёвии онро безарар гардонидан аз болояш оби ҷӯш мерезем. Лимӯро даврашакл реза карда, донаҳои онро ҷудо мекунем. Пас аз реза кардан онро ба чор тақсим мекунем. Сипас, лимӯро ба дег андохта, аз болояш об мерезем. Дегро болои оташ гузошта, то ҷӯш омадан сарпӯшро пурра маҳкам мекунем. Пас аз ҷӯш омадан оташро паст намуда, муддати 50 дақиқа то мулоим шудани пӯсти лимӯ меҷӯшонем. Пӯсти лимӯ бояд мулоим ва шаффоф бошад, дар он ҳолат шакарро илова мекунем ва то об шудани шакар омехта мекунем ва боз болои оташи паст муддати 60 дақиқа мегузорем.
Дар охир зарфҳо ва сарпӯшҳоро безарар намуда, мурабборо маҳкам мекунем ва дар ҷои торикӣ ва салқинӣ мегузорем.
Лимӯ давои дардҳост
- Лимӯ хусусияти мустаҳкамсозии иммунитетро доро буда, Витамини “С”, ки дар таркибаш мавҷуд аст, давои шамолхӯрист
- Ба кори дилу рагҳо кумак мерасонад ва фишори инсонро муътадил нигоҳ медорад
- Дар ҳазми ғизо ва кори рӯдаю меъда мусоид буда,иштиҳоро хуб мегардонад
- Холестирини бадро аз организм берун месозад
- Бавуҷудоии бемории саратонро пешгирӣ менамояд
- Дар мустаҳкамсозии системаи асаб, паст кардани сатҳи изтироб мусоид аст
Аз истеъмоли лимӯ дар ин ҳолатҳо худдорӣ намоед
- Нафароне, ки захми рӯдаю меъда доранд
- Кислотаи лимӯ метавонад сири дандонро тоза кунад
- Ҳангоми дарди даҳон метавонад хунравиро ба вуҷуд орад
- Беморони ғадуди зери меъда