Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЗИЁДА АЗ 5300 ҚОНУНШИКАНӢ ОШКОР ШУДААСТ
Раиси Кумитаи Идораи замини вилояти Хатлон Диловар Пирзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2023 аз ҷониби нозирони давлатии истифода ва ҳифзи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 5352 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 3221 гектар ошкор карда шудааст.
Гуфта шуд, ки барои дар маҳал бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин 5352 адад дастурҳо, 4247 адад протоколу қарорҳои ҷаримабандӣ ба маблағи 2 миллиону 310 ҳазору 153 сомонӣ тартиб дода шуда, ба суратҳисоби махсуси Кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо 1 миллиону 900 ҳазору 751 сомонӣ ворид карда шудааст.
Мутобиқ ба талаботи моддаи 55-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чораҷӯӣ ва таҳқиқи ҳуқуқӣ, соли гузашта ба мақомоти прокуратура 342 мавод барои додани баҳои ҳуқуқӣ пешниҳод карда шудааст.
Соли сипаригардида аз ҷониби кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 725 ҳолати худсарона забт намудани заминҳо дар майдони умумии 513,85 гектар ошкор карда шудааст, ки аз ин миқдор 461,95 гектар заминҳои кишоварзӣ ва 51,90 гектар заминҳои ғайрикишоварзӣ мебошанд.
Нисбати ҳолатҳои дарёфтшуда дар маҳал чораҳои зарурӣ андешида шуда, 472 ҳолати худсарона ишғол намудани заминҳо дар майдони 941,35 гектар бартараф карда шудааст.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



