Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ВОХӮРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ
25 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Квон Донгсок вохӯрӣ доир намуд.
Зимни вохӯрӣ Давлаталӣ Саид нахуст меҳмононро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея сол то сол рушд ёфта истодааст, ки ин ба манфиати ҳар ду ҷониб мебошад. Зимни суханронӣ раиси вилоят доир ба вилояти Хатлон, ки яке аз минтақаҳои калонтарин ва дорои захираю имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф мебошад, маълумот дода, иброз намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои рушди соҳибкорӣ ва махсусан барои соҳибкорони хориҷӣ тамоми шароити заруриро муҳайё кардааст.
Таҳлили раванди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Корея нишон медиҳад, ки сол то сол муносибатҳо рушд ёфта истодаанд. Асоси гуфтаҳои боло ин татбиқшавии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати сулҳофар, ором ва меҳмоннавоз мешиносанд.
Раиси вилоят гуфтанд, ки барои тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ заминаҳои хуб ва умедбахш фароҳам оварда шудааст.
- Бо мусоидати сафорати Корея дар Тоҷикистон ба кишвари мо, аз ҷумла вилояти Хатлон гуруҳҳои мухталифи соҳибкорону сармоягузорон ташриф оварда истодаанд.
- Боиси хушнудист, ки айни ҳол дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” яке аз корхонаи калонтарин оид ба истеҳсоли панелҳои офтобӣ, ки аз ҷониби сармоягузорони кореягӣ маблағгузорӣ мегардад, ба қайд гирифта шуда, ҳуҷҷатгузорӣ шуда истодааст.
Дар идомаи мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар самти рушди муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноат ва кишоварзӣ, маориф, ҷалби соҳибкорони кореягӣ ба иқтисоди вилояти Хатлон, таҳкими муносибатҳои дӯстона байни минтақаву вилоятҳои ду кишвар, сайёҳӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима карда шуданд.
Дар рафти суханронии худ Квон Донгcок, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон гуфтанд, ки барои қисмҳои эҳтиётии тайёраи офтобӣ лоиҳаи бузургеро амалӣ намоем, ки дар марҳилаи аввал то 3000 нафар ба ҷои кор таъмин мешаванд.
- Инчунин мо мехоҳем, ки лоиҳаеро дар самти кишоварзӣ, махсусан ниҳолшинонӣ амалӣ намоем, зеро дар Кореа мо ҳар сол ҷашни ниҳолшинонӣ дорем ва ҳадаф аз он тоза намудани табиат аст.
Зимни вохӯрӣ иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак, лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни вилояти Хатлон ва вилояти Канвондои Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва гуманитарӣ расмиёти дохилидавлатӣ гузаронида шуда, ба ҷониби вилояти Канвондо бо роҳҳои дипломатӣ равон гардидааст.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11ДАР НОҲИЯИ ЁВОН 10 ИНШООТИ ТОМАКТАБӢ БУНЁД МЕШАВАД 12:07ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 12:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



