Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
02 авг 14:58АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Ҷамъият / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
ДАР ШАШ МОҲ 3589 САНҶИШ ГУЗАРОНИДА ШУД
Қарзи дебитории истифодабарандагони барқ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон то 1 июли соли равон ба зиёда аз 435 миллион сомонӣ расидааст.
Аз ин ҳисоб 113 миллион сомонии он ба аҳолӣ тааллуқ дорад.
Дар ин бора Раҷабалӣ Бояков роҳбари техникии "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Бохтар зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон барои пешгирии вайронкуниҳои қоидаҳои истифодаи неруи барқ 3589 санҷишҳо гузаронида шуда, ба маблағи 4 миллиону 722 ҳазор сомонӣ санад тартиб дода шудааст. Дар натиҷа 4 миллиону 212 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби корхона ворид гаштааст.
Инчунин нисбати шаш корхонаи қарздор ба маблағи зиёда аз 7 миллиону 120 ҳазор сомонӣ барои чораҷӯи маводҳо ба мақомоти прокуратура пешниҳод карда шудааст.
Раҷабалӣ Бояков ҳамчунин гуфт, ки дар давоми шаш моҳи сипаригардида ба 70 корхона ба маблағи 17 миллиону 858 ҳазор сомонӣ иддао пешниҳод карда шуда, дар асоси талаботҳои даъвогӣ ба суратҳисоби корхона 10 миллиону 966 ҳазор сомонӣ ворид гаштааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



