Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ БАРОИ ҲАР ЯК ҲИЗБИ СИЁСӢ ТО 40 ДАҚИҚА ВАҚТИ ЭФИРИ РОЙГОН ПЕШБИНӢ НАМУД
Дирӯз таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи навбатии комиссия баргузор гардид. Дар ҷаласа тартиби истифодаи воситаҳои ахбори омма дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз ҷониби номзадҳо ба вакилӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки аз ҷониби Комиссия таҳия шудааст, барои ҳар як ҳизби сиёсӣ то 40 дақиқа ва барои номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихобот то 20 дақиқа вақти эфири ройгонро дар шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ пешбинӣ намуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҳашт масъалаи муҳими марбут ба давраи омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз ҷумла, муқаррар намудани тартиби истифодаи воситаҳои ахбори омма дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз ҷониби номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, ташкили гурӯҳи кории Комиссия оид ба баррасии арзу шикоятҳо, тасиқ намудани «Роҳнамо» барои кормандони милитсия ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ҷаласаи Комиссия зикр гардид, ки Маркази матбуоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мақсади инъикоси пурра ва ҳамаҷонибаи раванди омодагӣ ва баргузории интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Тибқи Тартиби мазкур, ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳуқуқ доранд то 8 саҳифаи дуинтервалии компютерӣ бо шрифти 14 ба таври ройгон маводи ташвиқотӣ чоп намоянд. Дар Тартиби мазкур инчунин дигар ҳолатҳои истифода бурдани воситаҳои ахбори омма пешбинӣ гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мақсади баррасӣ ва ҳалли саривақтии арзу шикоятҳо, ки дар давраи омодагӣ ва баргузории интихобот метавонанд аз ҷониби иштирокчиёни раванди интихобот ба КМИР ворид гарданд, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Инчунин ҷиҳати расонидани ёрии амалӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар давраи омодагӣ ва баргузории интихоботи дарпешистода мутахассисон, олимони соҳаи ҳуқуқ ва дигар соҳаҳо ба сифати коршинос ҷалб карда шуданд.
Дар ҷаласа бори аввал ба таври расмӣ Роҳнамои таҳиякардаи Комиссия барои кормандони милитсия қабул гардид. Бояд тазаккур дод, ки роҳнамои мазкур барои мусоидати кормандони милитсия ба комиссияҳои дахлдори интихоботӣ дар раванди интихобот ва дахолат накардан ба ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон равона шудааст.
Дар идомаи ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ инчунин масъалаҳои дигари ташкили кори комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 ба рӯзи 1 марти соли 2020 таъйин гардидааст.
Аз ҷумла, муқаррар намудани тартиби истифодаи воситаҳои ахбори омма дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз ҷониби номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, ташкили гурӯҳи кории Комиссия оид ба баррасии арзу шикоятҳо, тасиқ намудани «Роҳнамо» барои кормандони милитсия ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ҷаласаи Комиссия зикр гардид, ки Маркази матбуоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мақсади инъикоси пурра ва ҳамаҷонибаи раванди омодагӣ ва баргузории интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Тибқи Тартиби мазкур, ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳуқуқ доранд то 8 саҳифаи дуинтервалии компютерӣ бо шрифти 14 ба таври ройгон маводи ташвиқотӣ чоп намоянд. Дар Тартиби мазкур инчунин дигар ҳолатҳои истифода бурдани воситаҳои ахбори омма пешбинӣ гардидааст.Ба иттилои манбаъ, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мақсади баррасӣ ва ҳалли саривақтии арзу шикоятҳо, ки дар давраи омодагӣ ва баргузории интихобот метавонанд аз ҷониби иштирокчиёни раванди интихобот ба КМИР ворид гарданд, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Инчунин ҷиҳати расонидани ёрии амалӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар давраи омодагӣ ва баргузории интихоботи дарпешистода мутахассисон, олимони соҳаи ҳуқуқ ва дигар соҳаҳо ба сифати коршинос ҷалб карда шуданд.
Дар ҷаласа бори аввал ба таври расмӣ Роҳнамои таҳиякардаи Комиссия барои кормандони милитсия қабул гардид. Бояд тазаккур дод, ки роҳнамои мазкур барои мусоидати кормандони милитсия ба комиссияҳои дахлдори интихоботӣ дар раванди интихобот ва дахолат накардан ба ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон равона шудааст.
Дар идомаи ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ инчунин масъалаҳои дигари ташкили кори комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 ба рӯзи 1 марти соли 2020 таъйин гардидааст.
Добавить комментарий
Ахбор
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР 11:06МАҲБУБИ КӮДАКОН 10:482025 – СОЛИ ФАТҲИ ҲАДАФҲОИ БУЗУРГ ДАР ХАТЛОН 10:39ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026 10:29ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР – БОЗГӮИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 10:34Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад 14:36ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД 14:11Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд 15:13
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026
БОХТАР. НАСБИ АРЧАИ СОЛИНАВӢ БО БАЛАНДИИ 24 МЕТР
«ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ПАЁМИ СОЗАНДА ВА КАФИЛИ ТАЪМИНИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР»
Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд
Ҷ. БАЛХӢ. 8 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ЁВОН. НАСБИ ГУЗАРГОҲИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР КӮДАКИСТОН
ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД
Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР
МАҲБУБИ КӮДАКОН


