Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИНТИХОБОТ-2020. ДАР РАФТИ БАРГУЗОРИИ ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ 46 ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТӢ ТАШКИЛ МЕШАВАД
Дар раванди баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 5 ҳавзаи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва 41 ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ташкил карда мешаванд. Дар ин бора зимни ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи шанбе 7 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, зикр гардид. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода доир гардида, дар он масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва баргузории интихоботи Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимнан, 4 декабри соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба имзо расид.
Тибқи фармони мазкур интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот рӯзи 1 марти соли 2020 доир мегардад. Муқаррар гардидааст, ки интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 баргузор карда шавад.
Бояд гуфт, ки аъзои Комиссия нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ташкили ҳавзаҳои интихоботи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ва ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намунаҳои муҳрҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботиро муҳокима ва тасдиқ намуданд.
Аъзои Комиссия қарор қабул намуданд, ки дар ҳудуди мамлакат 5 ҳавзаи бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ва 41 ҳавзаи якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ташкил дода шуда, ҳамзамон ҳудуд, макони ҷойгиршавӣ ва шумораи пешакии интихобкунандагони ин ҳавзаҳо муайян гардид.
Ёдовар мешавем, ки иштирокдорони ҷаласа мутобиқи талаботи қонунгузорӣ намунаҳои муҳрҳои комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботиро тасдиқ намуданд.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД