ҶАҲОНРО БА ДОНИШ ТАВОН ЁФТАН
Ба гуфтаи ин навраси ҳушманд, ӯ китобхониро аз ҳамон лаҳзае оғоз намудааст, ки ҳарфро шинохт. Яъне вақте Раҳмонқул ҳамагӣ панҷ сол дошт, падару модараш, ки аз зумраи равшанфикронанд, ба ӯ дар хона аллакай алифборо омӯзонда, хонданро машқ мекунониданд.
- Аввал бештар афсонаю ҳикоя мехондам, - нақл мекунад мавсуф. - Баъдтар, бо кӯмаки падару модарам ба мутолиаи адабиёти муосир шурӯъ намудам. Вақте озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» эълон гардид, боз ҳам майлам ба китобхонӣ зиёд шуд ва ҳамроҳи волидайн ба қироати шеъру эҷоди бузургони адабиёти классик ва асарҳои пурэъҷози шоирону нависандагони ҷаҳон љиддитар машғул шудам.
Ҳарчанд Р. Маъмурзода наврас асту акнун дар синфи ҳафтум мехонад, аммо вақте бо кас суҳбат мекунад, ҷаҳони ботиниаш пеши назар ҷилвагар мешавад, вусъати афкор, доманаи ҷаҳонбиниаш васеъ аст. Гӯё ҳама чизро медонад ва мефаҳмад. Тавре худи ӯ мегӯяд, то ба имрӯз зиёда аз сад китоб мутолиа ва аз шоирони муосиру классик беш аз ҳазор мисраъ аз бар намудааст.
Одобу ахлоқ ва донишу малакаи ӯ худ гувоҳи он аст, ки Раҳмонқул роҳи дурустро интихоб намудааст. Вақте нафаре ба доноию зиракии ин кӯдаки китобдӯст менигарад, бешак, бо ҳавас мегӯяд: «Кош фарзанди ман ҳам чунин пурмутолиа мебуд». Ҳол он ки кӯдакону наврасон мисли ниҳолони навсабзидае ҳастанд, ки қомати росту пурбор шудани онҳо аз тарзи парваришашон вобаста аст. Яъне ба китобу мутолиа алоқа пайдо кардани онҳоро, пеш аз ҳама, волидайн метавонанд ташвиқ намоянд.
Падари Раҳмонқул хоксорона иброз медорад, ки бояд мо аз ин ҳам бештар ба таълиму тарбияи фарзандонамон таваҷҷуҳ намоем, чунки онҳо оянда меваҳои умри моянд. Эълони озмуни «Фурӯғи субҳи доної...» аз ҷониби Пешвои миллат, Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе ҳикмат нест. Албатта, ҳадаф аз ин озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон мебошад. Аз ин лиҳоз, бо кумаки китоб, ки яке аз ноёбтарин неъмат маҳсуб мегардад, инсон баландтарин қуллаи муродро фатҳ карда метавонад, зеро шоир фармуда:
Соиб, маталаб рӯи дил аз кас, ки дар ин аҳд
Рӯе, ки нагардад зи кас рӯи китоб аст.
Модари Раҳмонқул - хонум Ҳангомаи Исмат бо хушнудӣ зикр намуд, ки фарзандаш аз мутолиаи шеъру асарҳои Лоиқ эҳтиром ба модар, аз Бозор Собир донистани қадри ҳар санги Ватан, аз Муъмин Қаноат манзалати забони модарӣ, аз Гулрухсор арзиши сулҳу истиқлол ва бар диёри худ муҳаббат доштан, аз «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус ҳусни инсон будани одоб ва аз «Ёддоштҳо» на танҳо бо тарҷумаи ҳоли устод Айнӣ, балки доир ба ҳоли бади халқ дар асрҳои 19-20, қафомондагии иқтисодӣ, тақдири фоҷиавии равшанфикрону бузургон, аҳли адаб шинос шуда, аз «Марги судхӯр»-и Садриддин Айнӣ қаноатмандӣ ва хайрандеширо омӯхтааст.
Раҳмонқул, ки қаҳрамони матлаби мо интихоб гардидааст, бо арзи сипос ба волидайн ва бибию бобояш афзуд, ки ба ҳамаи муваффақиятҳояш бо роҳнамоӣ ва дастгирии онҳо ноил гардидааст. Ин аст, ки ӯ соли гузашта дар озмуни вилоятии «Хонандаи сол» иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал шудааст.
Мавсуф барандаи Ифтихорнома ва Дипломи дараҷаи 3-юми Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи раиси шаҳри Бохтар мебошад. Дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика низ фаъолона иштирок намуда, соҳиби сертификат шудааст.
Ахиран даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар шаҳри Бохтар ҷамъбаст гардид. Раҳмонқул аз миёни наздик ба 400 нафар ширкаткунандагони марҳилаи сеюми озмун ба қатори 40 нафар беҳтаринҳо шомил гардида, барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии ин сабқати зеҳнӣ, ки дар назар аст, пеш аз соли нав ҷамъбаст гардад, роҳхат гирифт.
Дар маросими бошукӯҳи қадрдонӣ аз ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли даври вилоятии озмун, ки бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, ходимони илму адаб ва шоирону нависандагони баруманд сурат гирифт, ба 12 нафар ғолибони чор номинатсия диплом ва мукофотпулии Раиси вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
Ғолибони ҷойи якум бо шаҳодатнома ва 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ, ғолибони ҷойҳои дуюму сеюм низ бо шаҳодатнома ва мутаносибан 3000 ва 2000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин, 28 нафар иштирокчии дигар, ки ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд, ҳар яке бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва 1000 сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд, ки Раҳмонқул Маъмурзода аз шумори онҳо буд.
Ба 34 нафар иштирокчии дигари фаъол, ҳарчанд ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат дарёфт накарданд, Сипоснома ва ба андозаи 500 сомонӣ мукофотпулӣ ҳадя гардид.
Даври ҷумҳуриявии озмун то соли нав дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад. Баъд аз натиҷагирӣ ба иштирокчии фаъолтарин, ки шартҳоро аз рӯйи талаботи Низомномаи озмун пурра иҷро мекунад, Шоҳҷоиза ба маблағи 50000 сомонӣ тақдим карда мешавад.
Амонҷон Маҳкамов,