Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони беморхонаи Кӯлоб барқарор карда шуд
Дар натиҷаи расидагии Шурои иттифоқҳои касабаи шаҳри Кӯлоб ба муроҷиати коллективии кормандони беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавӣ ба номи А. Ҳақназаров, маблағи пардохтнашудаи музди меҳнати онҳо барқарор карда шуд, - изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ Ризозода А. раиси Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон
Тибқи иттилоъ, санаи 11 апрели соли 2025, 60 нафар корманди беморхона бо аризаи дастаҷамъона ба Шурои иттифоқҳои касаба муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки дар рӯзҳои истироҳат ва ид кор кардаанд, аммо ҳаққи корашон пардохт нашудааст.
Дар натиҷаи таҳқиқи масъала ва ҳамоҳангсозии Шуро бо мақомоти дахлдор, аз ҳисоби Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб 120 ҳазор сомонӣ маблағи музди меҳнат барқарор гардид ва ба кормандон пардохта шуд.
Ҳамчунин, 5 нафар аз кормандоне,, ки ғайриқонунӣ аз кор пеш карда шуда буданд, ба ҷои корашон барқарор гардиданд.
Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон таъкид мекунад, ки минбаъд низ ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатии кормандон дар маркази таваҷҷуҳи он қарор хоҳад дошт.
Маҳмадалӣ Маҳмадалиев "САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



