Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
«ҶУНТАЙ-ДАНҒАРА СИН СИЛУ ТЕКСТИЛ» ЗИЁДА АЗ 2690 ТОННА РИШТАИ ПАХТАГИН ИСТЕҲСОЛ КАРД
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» дар 10 моҳи соли 2019 ба миқдори 12120,1 тонна риштаи пахтагин истеҳсол кардааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2690 тонна зиёд мебошад ва ин нишондод, суръати афзоиш 128,5 фоизро ташкил намудааст. Саҳми корхонаи мазкур дар маҷмӯи риштаи пахтагини дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда дар ин давра 67,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин бора зимни ҷаласаи дуюми ситоди доимоамалкунанда доир ба масъалаҳои ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил», ки рӯзи 28 ноябри соли 2019 дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, иттилоъ дода шуд. Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба фаъолияти корхона, раванди корҳои сохтмонӣ, захираи ашёи хом ва истифодаи самараноки заминҳои ба кишти пунбадона вобасташуда баррасӣ гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур ташхисгоҳ бо дастгоҳҳои USTER фаъолият дошта, ташхиси нахи пахта ва риштаҳои пахтагин ба роҳ монда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур ташхисгоҳ бо дастгоҳҳои USTER фаъолият дошта, ташхиси нахи пахта ва риштаҳои пахтагин ба роҳ монда шудааст.
Маълумоти роҳбарияти корхона оид ба ҷараёни ҷамъоварии ҳосили ашёи хом, пахта ва захираи он барои соли 2020 пешниҳод шуда, инчунин оид ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ маълумот манзур гардид.
Мавриди зикр аст, ки рушди соҳаи коркарди ниҳоии нахи пахта зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба истифода додани ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил», ки бо шарикони чинӣ амалӣ шуда истодааст, қадами устувор дар рушди соҳаи мазкур ба ҳисоб меравад. ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст. Дар коргоҳҳои алоҳидаи он пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи ИМА, Швейтсария, Германия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва васлу насб карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки марҳалаи аввали ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна нахи пахта моҳи августи соли 2016 ва навбати дуюми он 5 ноябри соли 2018 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.
Иштирокчиёни ҷаласа инчунин аз корҳои сохтмонии сиклҳои навбатӣ ва фаъолияти коргоҳи ресандагии корхонаи мазкур шинос шуданд.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР БОХТАР 13:00ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД 12:56ҲУНАРМАНДИ АСИЛ, МАҲБУБИ ДИЛҲО 12:52ХАТЛОН: ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРМАНДИ СОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД 12:49ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН 11:29ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 11:34Пешвои миллат ва рушди соҳаи тандурустӣ: аз сиёсати созанда то тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ 11:25ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 11:21
Серхонандаҳо
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
ДАР НОҲИЯИ ЁВОН 10 ИНШООТИ ТОМАКТАБӢ БУНЁД МЕШАВАД