Истиқлолият ва масъулияти шаҳрвандӣ




Раванди пуршебу фарози расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ки ба ҳам овардану сари мизи музокирот шинонидани ду сангари муқобил ҷонибдорону ҳам мухолифони худро дошт, натанҳо таҷрибаи сиёсӣ барои як сиёсатмадори ҷаҳон, таҷрибаи омӯзанда барои оламиён ва институту созмонҳои башардӯст ва ҳам мавриди омӯзишу пажӯҳишҳои илмии барои сиёсатмадорону коршиносони масоили давлатдорӣ гардид. Дар тӯли 31 соли даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин марҳилаи саъю талошҳо баҳри некуаҳволии мардум, ҷараёни рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, солҳои аз ҷониби Пешвои миллат роҳнамоӣ намудани мардуми Тоҷикистон ба заҳмати бунёдкорона арзёбӣ мегардад.Дар ин солҳо мардуми шарифи кишвар ба ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари давлат роҳи пурифтихорро тай намуда, ба дастовардҳои чашмрас, муаррифии шоистаи миллату сарзамини бостонии тоҷикон дар миқёси олам ва дар масири амалӣ намудани ормонҳои миллӣ гомҳои устувор гузошта истодааст. Агар лаҳзае гузори начандон дур, солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамонро ба хотир биёварем, ин ҳама пешрафту дастовардҳо ва амалисозии тарҳҳои бузургу тадбирҳои муҳими андешидашуда як тараф истад, инсоният боварии онро надошт, ки дар Тоҷикистони андар гирдоби муноқишаву даргириҳо садои тир дубора сокиту зиндагӣ бо маҷрои озодагиву созандагиҳо оғоз меёбад. Ба бахти миллати тоҷик ва иқболу сарбаландии ҳар фарди маърифатпарвари ин сарзамини муқаддас роҳнамоии мардум ба сӯи ҳаёти дурахшону хушнудиву саодатмандиҳо, дар баробари таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстонаву робитаҳои судманд бо кишварҳои олам ва дигар дастовардҳои давлатсозӣ, ҳамзамон, дар Ватани азизи мо модели рушди деҳот рӯи кор омада, Тоҷикистон ба ҷабҳаи бузурги созандагӣ табдил ёфт. Мавриди зикр аст, ки дар баробари таваҷҷуҳ ба рушду тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иқдомҳои ободгароӣ мо, ҷомеаи мадании Тоҷикистонро мебояд, ки ҷиҳати ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, пешгирӣ аз ҳар гуна падидаҳои номатлуби ҷомеа ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллату давлатдорӣ нақши муассир гузошта бошем. Зеро пойдории давлату амнияти миллат аз тарбияи маънавӣ, донишу худшиносии миллӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносии ҷомеа вобастагӣ дорад. Дар ин росто, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва дар руҳияи инсондӯстиву масъулияти ватандорӣ тарбия намудани ҷомеа, аз омилҳои муҳим маҳсуб меёбад. Зеро новобаста аз дастовардҳо ва кӯшишҳои Роҳбари давлат дар самти раҳоии Тоҷикистон аз вобастагиҳои иқтисодӣ, имрӯз раванди ҷаҳонишавӣ ва хавфу хатарҳои замони муосир натанҳои кишвари мо, ҳатто давлатҳои қудратмандро ҳам ба ташвиш меорад. Руҷӯи ҳар гуна ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои бо ном исломӣ, ки дар асл бо таркишу кушторҳои ваҳшатангез суботу оромиро дар кишварҳои минтақа барҳам задаанд, мояи нигаронии қудратҳои ҷаҳонист. Дар ин росто, тақвият бахшидани ғояҳои созанда ва пешбаранда, ҳифзи фазои иттилоотӣ аз ҳуҷумҳои идеологии ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ вазифаи муқаддаси ҳар фарди худогоҳи Тоҷикистон аст, то шаҳрвандони мо бо зиракиву ҳушёрии сиёсӣ фирефтаи дасисаву иғвоангезиҳои душманони миллат нагарданд. Зарур аст, ки наврасону ҷавонон ва ҷомеаро аз лиҳози худогоҳиву донишҳои сиёсӣ омода намоем. Зеро тақозои замон аст, ки ба хотири ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ, мо чун дигар кишварҳои дар масири рушди устувор ба як ҷомеаи худогоҳу арҷгузор ба муқаддасоти миллату давлатдорӣ ниёз дорем, ки дар ҳолатҳи ҳар гуна ҳуҷумҳои идеологияи хатарзо донишу иродаи муқовимат дошта бошад. Танҳо бо ин васила Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун қаламрави сулҳу субот, ваҳдату озодагӣ муаррифӣ намуда, бо талошу заҳмати дучанд раванди корҳои ободгароиро идома мебахшем. Дар рушду шукуфоии Ватан саҳми бештар гузошта, баҳри амалӣ намудани орзу ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон гомҳои устувор мегузорем.

Зебуннисо САТТОРЗОДА,

судяи суди ноҳияи Вахш
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий