Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Соҳибхоназани сариштакор

Падарону модарони рӯзгордида барҳақ мегӯянд, ки ободонии ҳар хонадон ва фаровонии рӯи дастархони он бештар ба соҳибхоназан вобаста
аст.Инро мо дар мисоли сариштакории
бонуи оқил Шарифамоҳ сокини Ҷамоати деҳоти
Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба хубӣ эҳсос намудем. Вақте аз дарвозаи ҳавлии оилаи Насриддиновҳо ворид шудем, даромадан баробар
бароямон аён шуд, ки аҳли ин хонадон поккору меҳнатдӯст ҳастанд. Зеро ҳама ҷо тозаю озода ва хеле зебою дилкаш аст. Бо дидани зироати
пурбори кишоварзӣ ва дарахтони гуногуни
мевадиҳандаи замини наздиҳавлигӣ кас ба чунин
оилаву хона ҳавас мекунад.
Маданияти баланди истифодабарии замини
наздиҳавлигӣ ва хоҷагии деҳқонӣ имкон додааст,ки Шарифамоҳ Насриддинова ҳамроҳ бо келину аъзои оилааш дар баробари истифодаи ҳамарӯзаи аҳли оила аз сабзовоту меваҷоти парваришнамудаи худ, ҳамчунин қисми зиёди онҳоро барои зимистон захира намоянд.
Ӯ имсол аз помидору бодиринг, қаламфури ширину боимҷон, пиёзу сирпиёз шакаробу хуришҳои гуногун ва аз анҷир, шафтолую зардолу, гелос, олу,
себ ва чанд номгӯи дигар мураббою афшурда омода намуда, онњоро дар шакли консерва дар зарфҳои шишагӣ маҳкам намуд. Илова бар ин
апаи Шарифамоҳ аз ҳосили фаровон истифода бурда, зардолу, олу, гелос ва себро хушк намуда истодааст.
Чанде пеш суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба захираи дусолаи маводи озуқаворӣ тариқи телевизион тамошо кардам, - мегӯяд Шарифамоҳ Насриддинова - Ва ҳамон лаҳза ба мардони хона, хоса фарзандонам гуфтам, ки таъкиди Роҳбари давлат барҳақ аст. Аз ин лиҳоз бояд мо на танҳо ғами имрӯзро хурем, балки аз ҳоло барои таъмини фардои оилаи худ омода бошем, - нақл намуд ӯ. Аҳли ин хонадон ҳамчунин
дорои хоҷагии деҳқонӣ буда, имсол ҳам аз заминҳои ҳосилхези он гандум, ҷуворимакка, лубиёдонагиҳо ва дигар намуди зироати кишоварзиро ба даст овардаанд. Дар баробари
таъмини рӯзгор ва захира барои ду соли оянда, қисмати боқимондаи ҳосилро ба фурӯш
бароварда, даромади онро барои эҳтиёҷоти маишии хонадон хеле дуруст истифода мебаранд.
-Обу хоки диёрамон файзбор аст, - бо қаноатмандӣ таъкид мекунад писари ин зани заҳматкаш Саидҷон. – Ҳар зироате, ки кишт мекунем мерӯяд ва он албатта самар медиҳад. Дар як сол, ҳам аз замини наздиҳавлигӣ ва ҳам аз хоҷагии
деҳқонӣ се маротиба ҳосил мегирем.
Ҳамаи намуди маҳсулоти кишварзӣ аз худамон мебарояд. Картошка, пиёз, сабзӣ, гандум, ҷуворимакка, мош, лӯбиё, помидор,бодиринг, қаламфури ширину тез, сирпиёз, лаблабу, карам,
кабудиҳо ва ғайраро кишт намудаем.
Шукр, ки аз маҳсулоти хӯрокворӣ ба ҷуз равған, гӯшт ва ба ҳамин монанд дигар ҳеҷ
ниёзе ба бозор надорем, - таъкидмекунад Саидҷон Насриддинов.Аъзоёни ин оила ба парвариши чорво низ машғуланд. Онҳо дар ҳавлии худ молҳои
майдаву калон ва гӯштию ширӣ доранд. Ин аст, ки акаи Саидҷон хӯроки дурушти чорворо низ барои фасли сармо захира намуда истодааст.
Барои таъмини гармӣ дар фасли тирамоҳу зимистон ва пухтупази бонувон ба миқдори лозима ҳезум ва ангишт низ захира карда шудааст.
Чунин ба назар мерасад, ки бо ҳидояти зани дурандеш Шарифамоњ Насриддинова оилаи онҳо ҳаматарафа ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистодаомода мебошанд, ки он воқеан ҳам намунаи ибрат аст. Зеро Насриддиновҳо бо чунин
заковату фаросат ва кору амали худ собит сохтаанд, ки агар аъзои ҳар оила мисли онҳо дар замин аз сидқи дил меҳнат кунанд, на танҳо талаботи худро бо маҳсулоти ғизоӣ қонеъ месозанд, балки дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм гузошта метавонанд.
Амонулло БАХТИЁРЗОДА
«САФО»
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


