Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст
Тайи чанд рўз охир ҳарорати ҳаво аз 40- 42 дараҷа баландтар шуда истодааст, ки бештар таъсири худро ба беморони гирифтори фишорбаландӣ, диабети қанд, асаб, дил ва рагҳои хунгард, хусусан узвҳои ҳозима, яъне бемориҳои шадиди рўдаю меъда мерасонад.
Дар робита ба баландшавии ҳарорати ҳаво мутахассисони соҳаи тибб тавсия медиҳанд, ки кўдаконро беназорат нагузоред, зери таъсири нурҳои офтоб ва гармӣ намонед.
- Либосҳои рангаш сафед пахтагин ва аз чатру кулоҳ истифода баред.
-Бо худ ҳама вақт обҳои ҷўшомада гиред.
Риоя накардани қоидаҳои беҳдошт, нодуруст истифода бурдани маводи хўрока ва нигоҳдории он ба бемории дарунравӣ ва камобшавии организм оварда мерасонад.
Мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон дар робита ба гармии ҳаво тавсия медизанд, ки барои пешгирӣ аз ҳар гуна беморӣ аз ҷумакҳо ва оби ноҷўшидаи қубурҳоро истифода набаред. Бояд калонсолон дар як рўз на камтар аз 3 литр ва хурдсолон на кам аз 1 литр об истеъмол намоянд. Дар ҳама ҳолат бояд қоидаҳои беҳдоштиро риоя карда, зуд- зуд дастонро бо собун шустан лозим аст.
Аз бозорҳо маҳсулотҳои тару тозаи осебнадидаро харидорӣ намоед. Кўдаконро бе назорат намонед, нагузоред, ки дар кўлҳо, ҷўйборҳо, ҳавзҳо ва дарёҳо бе назорати калонсолон оббозӣ кунанд ва аз ин обҳо истеъмол намоянд. Дар ҳолати қай кардан, дилбеҳузуршавӣ, дарунравӣ ва дарди шикам зуд ба табибон муроҷиат намоед, ба худмуолиҷакунӣ машғул нашавед.
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!


