Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дурнамо барзиёд иҷро шудааст
Давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли равон дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон дар майдони 314 ҳазору 757 гектар кишти зироатҳо гузаронида шудааст, ки иҷрои дурнамо 102,2 фоиз таъмин шудааст.
Тавре сардори Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон Амирбеки Темур зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, кишт асосан 133 ҳазору 784 гектар ғалладонагиҳо, 20 ҳазору 101 гектар ҷуворимакка барои дон, 130 ҳазору 161 гектар сабзавот, 121 ҳазору 608 гектар пахта, 6474 гектар картошка, 12 ҳазору 506 гектар полезиҳо ва 11 ҳазору 731 гектар кишти зироатҳои хӯроки чорворо ташкил медиҳад.
Аз майдони умумии заминҳои киштшуда 366 ҳазору 567 тонна ғалладонагиҳо, 99 ҳазору 910 тонна картошка, 510 ҳазору 358 тонна сабзавот, 225 ҳазору 212 тонна полезиҳо, 45 ҳазору 428 тонна мевагиҳо ва 1148 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст. Ҷамъоварии ҳосили ин зироатҳо идома дорад.
Тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ дар майдони 1135,1 гектар боғ ва дар майдони 56 гектар токзори нав бунёд карда шудааст.
Ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва дар як сол руёнидани ду се ҳосил давоми шаш моҳи сипаригардида дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони умумии 108 ҳазору 32 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст. Иҷрои дурнамо 82, 8 фоиз таъмин гардида, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 5238 гектар зиёд мебошад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО 12:43ДӮСТӢ. ОБОДОНӢ БА МУСОБИҚАИ ҲАМАГОНӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ 12:37СОХТМОН, САХОВАТ ВА СОЗАНДАГӢ 12:34Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия 16:30ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД 15:02АЗ ХУТАН ТО КУВАЙТ 15:14Дастони пурэъҷоз 15:27Ҷавонтарин вакил 15:22
Серхонандаҳо
ХАТЛОН: НАҚШАИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДАР РӮЗИ АВВАЛ 100% ИҶРО ГАРДИД
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
КӮШОНИЁН. 369 НАФАР БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАШТАНД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ЁВОН. МАЪРАКАИ КИШТИ ПУНБАДОНА ОҒОЗ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
МОДАР
ХАТЛОН. ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН



