Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Таъмири роҳҳо аз ҷониби соҳибкорон
Дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони дастбахайру саховатпеша, бо харҷи наздики се миллион сомонӣ роҳҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон таъмиру азнавсозӣ шудаанд.
Тавре зимни суҳбат Музаффар Холиқов, сармуҳандиси Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтари вилояти Хатлон иброз кард, дар панҷ моҳ соҳибкорон бо маблағи 2 миллиону 955 ҳазор сомонӣ роҳҳои ҳудуди минтақаро таъмир карданд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 145 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра саҳми соҳибкорони ноҳияҳои Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстӣ назаррас буда, онҳо 2,1 километр роҳро таъмири асосӣ ва 68,5 километр роҳро сангфарш кардаанд. Инчунин дар ин давра соҳибкорон 13 адад пули таъмирталабро пурра аз таъмир бароварданд.
Музаффар Холиқов инчунин гуфт, ки масъулини “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо соҳибкорон ҳамкориҳоро афзун намуда, роҳҳои минтақаро таъмиру азнавсозӣ намоянд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



