Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҶАВОНӢ БЕҲТАРИН ЛАҲЗАИ ҲАЁТ
Ҷавонӣ беҳтарин лаҳзаи ҳаёт аст мегӯянд калонсолони мо, ки он воқеан ҳам дуруст аст. Зеро дар ин синну сол мо тансиҳату неруманду забардаст ҳастем ва баъзан бароям чунин менамояд, ки гӯё як умр ҳамин тавр боқӣ мемонем. Аммо ҳақиқати ҳаёт дигар аст. Бо гузашти вақт мо низ мисли падарону модаронамон куҳансол гашта, ин тавоноии худро аз даст хоҳем дод. Барои ҳамин ҷавонӣ неъмати ноёб аст ва бояд мо ба қадру қимати он расем. Ва ин фурсатро аз даст надода, онро сарфи илму ҳунар ва амалҳои нек намоем.
Ман, ки зодаи даврони истиқлолам, дар фазои сулҳу амонии ватани азизамон ба воя расида, понздаҳ сол боз дар ҷодаи рӯзноманигорӣ кору фаъолият менамоям. Азбаски сухан дар бораи муваффақиятҳои ҷавонон меравад, бо хушҳолӣ иброз менамоям, ки чанде пеш дар озмуни Маркази тадқиқоти журналистони Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Иқбол Тешаев иштирок намуда, ба унвони фахрии “Беҳтарин сухангӯй” миёни минтақаҳои кишвар мушарраф гардидам. Ҳоло ҳамчун котиби матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб фаъолият намуда, кўшиш менамоям, ки ҳамарӯза аз дастоварду комёбиҳои сокинони ин мулки бостонӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ диҳам.
Ин лаҳза барои хонандагони маҷаллаи “Сафо” маълум менамоям, ки соли 2022 барои ҷавонони шаҳри Кӯлоб аз оғоз бобарор аст. Зеро дар ин давра ҷавонони мо дар озмуну олимпиадаҳои фаннии вилоятию ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори 44 ҷойи намоён гардиданд.
Варзишгарони шаҳри Кӯлоб бошад, аз рӯи намудҳои гуногун дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мавқеъи худро ҳифз намуда, бо 41 ҷойи ифтихорӣ номи зодгоҳ ва ватани худро дар сатҳи лозима баланд бардоштаанд.
Далер Шарифов,
ш.Кӯлоб
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



