Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАР АТРОФИ ПЕШВОИ ҶАВОНПАРВАРИ ХУД БОШЕМ
Бо ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ, яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноке, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳи бештар намуд, ин сиёсати давлатии ҷавонон дар мавриди тарбияи дурусти насли наврас, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон, ташаккули ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва эҳтироми онҳо нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои миллӣ мебошад. Дар ин раванд ҷавонони соҳибкасбу бомаърифат ва донишманд тавонистанд дар рушду нумӯи соҳаҳои муҳими ҳаёти кишвар саҳми бештар гузошта, сазовори боварии давлат ва Ҳукумати кишвар гарданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамояд, ки «Мақсади сиёсати давлатии мо дар соҳаи кор бо ҷавонон аз тарбияи кадрҳои маданию маълумотдор ва мутахассисону наслҳои дараҷаи дониши васеъдошта ва ватандӯст иборат аст».
Месазад, ки мо - ҷавонон барои худ пеш аз ҳама аз дарсҳои худшиносии миллӣ ва ватанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақ бигирем. Зеро ҳаёти рӯзмарра собит сохт, ки дар замони бархурди тамаддунҳо ва манфиатхоҳӣ бояд аз ҳар вақта дида бештар зираку доно ва соҳибақлу заковат бошем, то туъмаи фитнагарону бадхоҳони миллат нагардида, ҳамчун фарзандони содиқи Ватан барои рушду нумӯи сарзамини аҷдодиамон саҳм гузорем.
Ободии ин Ватан аз мо ва хизмату талошҳоямон вобаста аст. Ягон бегонае аз диёри дигар Ватани моро обод нахоҳанд кард . Аз ин рӯ, мо бояд камари ҳиммат баста, кӯшиш кунем ки дар атрофи Пешвои ҷавонпарвари худ истода, бо илму дониш ва маънавиёти худ бар ҳама гуна тазодҳои бад мубориза барем.
Рухшонаи Шералӣ,
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ш. Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



