Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҷавонӣ – даврони илмомўзӣ
Хушҳол аз онам, ки дар фазои сулҳу суботи ватани азизамон – Тоҷикистон ба воя расида, имрӯз ҳамчун як узви фаъоли ҷомеа кору зиндагӣ менамоям. Мо насли хушбахти замонем, ки барои рушди ҳамаҷонибаамон дар мамлакат тамоми шароиту имконот фароҳам оварда шудааст, то ин ки пеш аз ҳама илму дониш омӯхта мутахассиси касби худ гардем.
Ман, баъди хатми мактаби миёна ба факултаи иқтисодии Донишгохи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуда, солҳои 2017- 2018 таҳсиламро дар бахши магистратураи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия аз рӯи ихтисоси менеҷменти байналмилалӣ идома додам. Дар ин миён ҳамчун мутахассиси ҷавон дар созмонҳои мухталиф фаъолият намуда, малакаи касбиамро баланд бардоштам. Аз соли 2013 то ин ҷониб дар ташкилоти ҷамъиятии “Томирис” фаъолият намуда истодаам. Кор дар ин созмон маро водор намуд, ки боз ҳам дар пайи илму дониш бошам ва самтҳои дигари соҳаи кор бо ҷавонону калонсолонро аз худ намоям. Ҳамин тавр соли 2020 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намуда, таълими калонсолонро ҳам аз худ кардам. Ин ҳамаро ман муваффақияти худ мешуморам. Зеро дар ҷавонӣ беҳтарин амал илмомӯзӣ аст, ки албатта дар ҳолати даркорӣ он самаровар мегардад.
Устоди аввалин ва беҳамтои ман ҳоҳари калониам Раъно Ҷумъаева мебошад. Ӯст, ки маро аз давраи мактабхониам раҳнамоӣ намуда, бо дастгириҳои бемислаш ба мурод расонидааст ва барои ин ҳама аз вай як умр миннатдорам.
Ба андешаи ман, агар ҳар як нафар пеш аз ҳама хоҳиш, ба худ боварӣ ва иродаи донишомӯзӣ дошта бошад, албатта дар ин ё он арса муваффақ мешавад.
Дар давоми фаъолияти худ борҳо ба хориҷи кишвар сафар намуда, табодули таҷриба ва афкор намудам. Ҳоло бо хоњиши дил дар касбу кори дӯстдоштаам фаъолият намуда, талош бар он дорам, ки донишу малака, ҳунару маҳорат ва ҷаҳонбинии худро баҳри рушди тафаккури зеҳнии наврасону ҷавонон ва дар роҳи хизмат ба Ватан сарф намоям.
Дилноза Ҷумъаева
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



