Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Маҳзари зебоӣ
Лолаи аз бехаш кандашуда то 12 рўз тару тоза истоданаш мумкин аст. Чӣ бояд то ин маҳзари зебоӣ зуд пажмурда нашавад?
Вобаста ба намуд ва навъ лола аз 5 то 12 рўз дар гулдон истоданаш мумкин аст. Пеш аз он, ки лолаҳоро дар об гузоред, пояи онро 3-5 сантиметр буред, ин имкон медиҳад, ки об ба осонӣ ба дохил ворид шавад. Буришро зери оби равон анҷом диҳед. Ҳангоми буридан кўшиш намоед, ки пояро кунҷакӣ буред, то ҷои буридагӣ ҳаҷмаш калонтар шавад. Лолаҳоро зуд ба гулдони обдор гузоред. Баъзе гулҳо чанд муддат метавонанд, ки бе об тару тоза монанд, вале лолаҳо аз ин истисноанд.
Гулдонро аз нурҳои офтоб ё батарея (печҳои гармкунанда) ва меваҳо дуртар нигоҳ доред. Бале аз меваҳо, зеро накҳати гуворои меваҳо ба лолаҳо «маъқул» нест ва онҳо аз ин зуд пажмурда мешаванд.
Ба лолаҳо оби бисёр зарур аст, то тару тоза бимонанд, бинобар ин оби гулдонро як рўз пас иваз кунед. Обе, ки дар он гулдастаи лола истодааст, бояд тоза бошад. Ҳар дафъа, ки обро иваз мекунед, пояи лолаҳоро 1 сантиметрӣ буридан лозим аст.
Агар гулдастаи лолаҳоятон каме пажмурда шудааст, боке нест: ин гулҳоро метавон рост кард, дар пояи онҳо об рехт. Пояи гулҳоро каме бурида, дар оби хунуки тоза гузошта, шабона дар ҷои салқину торик гузоред, аз нав зинда мешаванд.
Шумо ҳайрон мешавед, аммо лолаҳо баъди кандан низ месабзанд. Ба оби гулдони лолаҳо каме ғизо барои гулҳоро илова кунед ва чанд рўз мунтазир шавед. Пояҳои лолаҳо ба сабзиш майл мекунанд. Лолаҳо ба нурҳои офтоб хеле ҳассосанд, яъне онҳо ба нурҳои офтоб майл доранду сабзидан мегиранд. Бинобар ин пояҳои онҳо росту ҳамвор несту каҷу килеб мешаванд.
Барои бартарф кардани ин камбудии пояҳо метавонед, ки шабона гулдастаро аз об гирифта, пояи онро бо газета маҳкам печонида, боз дар гулдони обдор ва ҷойи салқин гузоред. Саҳар гулдастаро кушоед, пояҳои лолаҳо рост шудаанд. Давоми рўз гулдонро давр занонед, то ин ки ба ҳамаи лолаҳо баробар нурҳои офтоб расад.
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



