Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ситораи фарзона
Баъди ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тариқи расонаҳои ахбор огаҳӣ пайдо намудем, ки даҳ нафар ғолибони озмун аз вилояти Хатлон мебошанд, ки яке аз онҳо хонандаи синфи 10-и литсейи давлатии ноҳияи Вахш Фарзона Сафарова аст.
Бо роҳнамоии муовини директори муассиса вориди китобхонаи литсей шуда, мақсадамонро фаҳмонидем. Баъди чанд дақиқа духтараки кушодачеҳраю ситорагарм ҳамроҳи омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Зулайхо Бобоева ба китобхона омаданд. Муаллима, ки 20 сол боз ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст, Фарзонаро аз синфи 5-ум инҷониб дарс медиҳад.
-Баробари одобу интизоми намунавӣ доштан, хотираю зеҳни баланду фавқулода дорад. Аз байни чор нафар шогирдонам, ки дар озмуни даври вилоятӣ иштирок карданд, фақат Фарзона комёб гардиду ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт,- иброз дошт Зулайхо Бобоева. - Фарзона аз овони хурдсолї бо баҳои аъло таҳсил дошта, синфи 9-умро бо аттестати сурх хатм намудааст, - мегўяд муаллима.
-Ҳанӯз ҳангоми таҳсил аз синфи 8-ум барои иштирок ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омодагӣ мебинам,- иброз дошт дар оғози суҳбат мусоҳиби мо. Ду сол пеш дар озмуни вилоятӣ ноком шуда будам, аммо ноумед нашудам. Ҳамчун узви китобхонаи литсей баъди анҷоми дарсҳо бештари вақтамро сарфи мутолиаи китобҳои бадеӣ менамоям.
Илова ба китобхонаи литсей Фарзона боз ба китобхонаи марказии шаҳри Бохтар, китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин рафта, вақтҳои холигиашро сарфи мутолиаи адабиётҳои зарурӣ менамояд. Шавқу рағбати беандоза ба мутолиа ўро водор менамояд, ки вақти бештари худро дар китобхонаҳо сипарӣ намояд. Маҳз, дониши баланд, одобу ахлоқи ҳамида ва хислатҳои наҷибаш буд, ки сол аз сол ҳамчун хонандаи фаъолу пешсаф миёни ҳамсинфону ҳаммактабиён соҳибэҳтиром гардид.
Фарзона дар баробари дигар фанҳои таълимӣ фанни забони русиро низ хеле хуб аз худ кардааст. Якчанд маротиба дар барномаи телевизионии “Истеъдод” иштирок намуда, бо забони русӣ шеърҳо ќироат намудааст.

Ҳангоми дар синфи 8-ум таҳсил карданаш дар олимпиадаи вилоятӣ аз фанни “Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Ҳамчун хонандаи фаъолу пешқадам 2 сол боз гирандаи стипендияи Президентӣ мебошад. Ҳадафи аслии ӯ иштирок ва комёб гардидан дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад. Чун ба хубӣ медонад, ки дар ин роҳи мушкилу заҳматталаб танҳо бо донишу истеъдоди баланд, сабру таҳаммул ва иродаи қавӣ ба қуллаи мурод расидан мумкин аст, ин панди бузургонро сармашқи худ қарор додааст;
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад гулдаста гардад.
Ба гуфтаи Фарзона танҳо дар соли таҳсили 2020-2021 аз ашъори шоирони классикии форсу тоҷик зиёда аз 80 китоб мутолиа намудааст. Ба ғайр аз китобҳои аз китобхонаҳо дастрас намудааш, модараш низ шавқу рағбати ӯро ба китобхонӣ дида, барояш наздики сад китобҳои адибони форсу тоҷикро туњфа мекунад.
Модар барои ман китобхонаи шахсӣ ташкил намуд, ки аз ин кумаку дастгириҳояш бениҳоят сипосгузорам. Ин иқдоми наҷиби модарам шавқу рағбати маро ба китобхонӣ бештар сохта, дар таътили тобистонаи соли гузашта ҳамаи вақти худро сарфи мутолиаи асарҳои зиёди бадеӣ намуда, ҳам ғизои маънавӣ бардоштам ва ба даври вилоятии озмун омода шудам. Ҳамин тавр, дар даври вилоятӣ ғолиб омада, ба даври ниҳоии ин озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат ба даст овардам,- мегўяд Фарзона.
Дар муваффақияту дастовардҳои Фарзона дар ин ҷода директори литсей Маҳмадалӣ Самадов, мудири китобхонаи литсей Абдухолиқ Абдуллоев, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Зулайхо Бобоева ва модари Фарзона Нозанин Муродава саҳми ниҳоят муҳим доранд, ки тамоми шароиту имкониятҳоро барояш фароҳам оварданд.
Ҳамин тавр, Фарзона Сафарова дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” (аз рӯйи номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии форсу тоҷик”), ки рӯзҳои 2-12 декабри соли 2021 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, фаъолона иштирок намуд. Баъди бо муваффақият ба охир расидани даври ҷумҳуриявии озмун Фарзона бо модараш ба ноҳияи Вахш баргаштанду хабари комиссияи тадорукотро интизор шуданд.
Ниҳоят санаи 13-уми декабри соли 2021 Фарзонаро ба Душанбе даъват намуданд ва рӯзи 15 декабри соли 2021 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими супоридани ҷоизаҳо баргузор гардид ва Фарзона сазовори ҷойи 2-юм, диплом ва 25000 сомонӣ гардид. Хурсандии модару духтарро ҳадду канор набуд ва зимни бозгашт онҳоро дар литсей бо дастагулҳои тару тоза истиқбол намуданд.
Хушбахтона, тибқи таваҷҷуҳу дастурҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола барои баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” имтиёзу маблағҳои иловагӣ ҷудо мегардад. Мувофиқи Низомномаи нави ин озмун модари Фарзона- Нозанин Муродова сазовори нишони “Маърифатпарвар” ва омӯзгораш Зулайхо Бобоева соҳиби мукофоти пулӣ-10000 сомонӣ гардиданд.
Ҳаминак, дар пеш Фарзонаро озмуниҳои навбатӣ интизор аст ва аҳли толибилмону омӯзгорони литсейи давлатии ноҳияи Вахш орзуву таманно доранд, ки дастпарвари муассиса, ситораи дурахшони онҳо аз озмунҳои оянда ба дастоварду муваффақиятҳои аз ин ҳам баландтар ноил мегардад.
Оре, Фарзона ситораи онҳост, ки ба қавли шоир:
Ситорае бидурахшиду моҳи маҷлис шуд,
Дили рамидаи моро анису мунис шуд.
Аъзам Бобоев- рӯзноманигор
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



