Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Темур ва Шодмон соҳиби Шоҳҷоиза шуданд
Ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, бо ибтикори соҳибкори ватандӯст, роҳбари ҶСК “Ресандаи Қӯрғонтеппа” Нусратулло Файзуллоев 25-уми марти соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид.
Дар ин қувваозмоӣ паҳлавонон аз аксарияти шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва инчунин аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карданд.
Рақобат байни паҳлавонон хеле пуршиддат сипарӣ шуда, ғолибон бо туҳфаҳои арзишманди таъсисдодаи кумитаи тадорукот қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин дар ин мусобиқа се Шоҳҷоизаи арзишманд аз қабили Toyota Camry, Mercedes Benz ва ВАЗ-21015 гузошта шуда буд.
Барои ба даст овардани мошини сабукрави Toyota Camry ду паҳлавони номдори мамлакат, Темур Раҳимов ва Дадахон Қурбоналиев ба ҳам сабқат намуданд, ки дар натиҷа бо хулосаи доварон ғолибият насиби Темур Раҳимов гардид.

Шоҳҷоизаи дигар, мошини сабкурави ВАЗ-21015 насиби паҳлавони ҷавон аз шаҳри Кулоб Шодмон Ризоев гашт, ки бо як партофти зебо паҳлавон аз ноҳияи Хуросон Исроил Раҳимовро мағлуб кард.

Рақобат барои дарёфти шоҳҷоизаи сеюм, автомашинаи Mercedes Benz байни паҳлавонон Мансур Раҳмон ва Ҷаҳонгир Маҷидов бе натиҷа анҷом ёфт ва ин Шоҳҷоиза ба кормандони Раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон туҳфа карда шуд.

Дар ин мусобиқа инчунин паҳлавондухтаре аз Восеъ бо номи Мадина аз худ маҳорати хуб нишон дода, дар шаш сабқат бо писарҳо ғолиб омад. Аз ҷониби кумитаи тадорукоти озмун ба Мадина панҷ ҳазор сомонӣ, як гов ва дигар туҳфаҳои арзишманд дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



