Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МОДАР МУҚАДДАСТАРИН ВОЖА
Модар. Зери ин вожаи муқаддас меҳру муҳаббат ва бузургии офарандаи инсоният нуҳуфта аст. Эҷодиёти адибон низ аз номи Ӯ оғоз гардида, бо васфу ситоиши ин муъҷизаи ҳаёт ба анҷом мерасад. Аммо он ҳама назму насри шоирону нависандагони оламшумур қатрае аз шаҳомати ӯст. Яъне, тараннуми Модар ва хизматҳои шабонарӯзии вай аз қиссаву достон ва шеъру таронаҳои бепоён аст, ки ҳамагӣ дар як вожа – Модар ифода ёфтааст.
Модар барои ман натанҳо офарандаву тарбиятгар, балки ӯ роҳнамову ҳидоятгари мо дар зиндагӣ мебошад. Аз рӯзе худро мешиносам дар тинату симои модарам шахси поку беолоиш, хирадманду хайрхоҳро мебинам, ки ҳеҷ кас ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҷойи ӯ буда наметавонад.
Идеали ман дар зиндагӣ модарам аст. Зеро мехоҳам мисли ӯ дили бузургу соф, босабру таҳаммул ва иродаи қавӣ дошта бошам. Дар ин баробар хоҳони онам, ки фарзандони худро низ дар ҳамин рўҳия таълиму тарбия дода, барои ҷомеа шахсони манфиатбахш ба камол расонам.
Худойдоди Раҷаб
Добавить комментарий
Ахбор
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ 15:59БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57



