Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ОМИКРОН
Ба вуҷуди кам гаштани бемории сироятии COVID-19 дар ҷумҳурӣ паҳншавии он дар баъзе кишварҳо мушоҳида мегардад. Омикрон як навъи коронавирус буда бошиддат паҳн мегардад. Аломатҳои он ба зукоми мавсимӣ монанд буда, дар шахси бемор баландшавии ҳарорати бадан аз 38,5 дараҷа боло, беҳолию бемадорӣ, дард дар мушакҳо, дарди гулӯ, рафтани оби бинӣ, дарди сар ва сулфа дида мешавад. Шахсоне, ки вояҳои ваксинаро қабул намудаанд бемориро сабук ва дар муддати камтар мегузаронанд. Давраи ниҳонии он 3-5 рўзро дар бар мегирад.
Роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ худдорӣ намудан аз ҷойҳои сераҳолӣ, тўю маъракаҳо, сафарҳо ба хориҷи кишвар, истифода аз ниқобҳо, риояи масофаи иҷтимоӣ, дастонро бо собун тез-тез шустан ва аз маводҳои антисептикӣ истифода бурдан.
Вобаста ба иммунитет ва бемориҳои ҳамрадиф одамон ин бемориро дар ҳар шакл ва муҳлатҳои гуногун мегузаронанд. Яке аз ҷиҳатҳои фарқкунандаи омикрон аз дигар намудҳои коронавирус дар он мебошад, ки ҳангоми гирифтор шудан ба ин беморӣ ҳиссиёти мазза ва бўй дар аксарияти ин беморон гум намешавад. Дар ингуна беморон ҳарорати паст, дарди миён ва дарди сар дида мешавад. Қариб 80 дарсади одамон ин бемориро сабук мегузаронанд. Калонсолон, беморони сактаи дил ва диабети қанд ин бемориро вазнин мегузаронанд. Ҳолати фавт нисбат ба дигар намуди коронавирус аз 4 то 17 маротиба камтар ба қайд гирифта мешавад. Аломатҳои коронавируси омикрон ва шамолхўрӣ ҳамшабеҳ буда, ин беморӣ танҳо бо роҳи тестӣ дар озмоишгоҳ муайян карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки маҳз гирифтани ваксина хатари паҳншавии ин бемориро пешгирӣ мекунад. Бинобар ин моро зарур аст, ки ба овозаву гапҳои беасос гӯш надиҳем ва ҳаёти худро дар хатар нагузорем, сари вақт бо ваксина фаро гирифта шуда, худ ва наздиконамонро аз ин беморӣ эмин нигоҳ дорем. Ваксина роҳи ягона пешгирӣ аз ин бемории сироятист.
Балхиё Ҳақназарзода,
Директори МТТҲС-и вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ



