Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Бонуе бо иродаи қавӣ
“Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Нуриниссо Подшоҳзода аз ҷумлаи бонувонест, ки солҳост дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Хуросон бо дарки баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ баҳри ояндаи дурахшони халқу миллат фаъолияти пурмаҳсул дорад.
Аз нигоҳи ин зани кордон истиқлолияти давлатӣ ба зани тоҷик шароитҳои мусоидро фароҳам овард, то сазовори зиндагии шоиста бошад.
Даричаи ошноӣ
Нуринисо Подшоҳзода дар ноҳияи Хуросон дар оилаи коргар ба дунё омада, баъди хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соли 1990 ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешавад. Баъди хатми донишгоҳи мазкур аз соли 1996 фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси омӯзгори фанни физикаи МТМУ № 2-и ноҳияи зодгоҳаш оғоз карда, то соли 2001 дар ин боргоҳи илму маърифат ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шудааст. Баъдан як соли дигар омӯзгори МТМУ №1 буда, сипас, фаъолияти худро дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия идома медиҳад. Ҳамин тавр, давоми 12 сол дар вазифаҳои мудири шуъбаи сектори иҷтимоӣ- мадании дастгоҳи раиси ноҳия, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия, мудири шуъбаи кадрҳои автоколонаи хоҷагии ҳисобии №33-и ноҳия, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳия, мудири бахш оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ- фарҳангӣ, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ- сиёсӣ ва муносибати байни миллатҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Хуросон, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Хуросон кору фаъолият кардааст.
Аз соли 2013 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовинии раиси ноҳияи Хуросон таъйин шуда,то соли 2021 дар ин маснад кору фаъолият доштааст.
Айни замон ба ҳайси мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон фаъолият карда истодааст.
Созандагиҳо дар соҳаи маорифи ноҳия идома доранд
Воқеан ҳам мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон дар интихоби ин зани чашмикордон ба ҳайси мудири шуъбаи маориф хато накардааст. Зеро бо таъин шудани Нуринисо Подшоҳзода ба ҳайси мудири шуъбаи маориф дар соҳаи таълиму тарбия дигаргуниҳои назаррас мушоҳида мешавад. Соли гузашта норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ҳалли худро пайдо карда, дар ин давра ду муассисаи таълимии ноҳия азнавсозӣ гардида, 23 синфхонаи иловагӣ барои 575 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд. Айни замон дар 22 синфхонаи иловагии дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Соли ҷорӣ низ сохтмони бинои нави МТМУ №18 ва инчунин дар назди дигар муассисаҳои таълимӣ сохтмони 30 синфхонаҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай корҳои лоиҳакашии онҳо ба анҷом расида, корҳои сохтмонии онҳо оғоз хоҳанд шуд.
-Дар бунёду азнавсозии иншооти мавриди назар саҳми Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илми мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия ва соҳибкорони ҳимматбаланд назаррас мебошанд,- мегӯяд Нуриннисо Подшоҳзода.
Соли фаромӯшнашаванда
Соли 2021 барои ӯ соли фаромӯшнавандаю пур аз муваффақияту комёбиҳо буд. Зеро, дар замони фаъолияти ӯ ба ҳайси мудири шуъбаи маориф, санаи 29 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба вилояти Хатлон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
-Дар ин бинои чорошёнаи муҳташами замонавии иборат аз 33 ҳуҷраҳои корӣ тамоми шароитҳо барои маорифчиён фароҳам оварда шудааст. Бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон дорои маҷлисгоҳ бо 75 ҷойи нишаст, китобхона бо наздики 10 ҳазор китобҳои соҳавию бадеӣ, толори васеи технологияи пайваст бо шабакаи интернет ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Аҳли маорифи ноҳияи Хуросон аз дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушнуду сарфароз буда, бо як дилгармӣ масъулияти бар зиммаашон гузошташударо сарбаландона иҷро намуда истодаанд,- иброз медорад ҳамсуҳбати мо.
Фарзандон низ пайрави модар мешаванд
Нуриниссо Подшоҳзода дар баробари масъулияти роҳбарӣ, ҳамчун модари ҳалиму меҳрубон низ ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ медиҳад. Фарзандонаш Абубакр ва Зуҳалбону айни ҳол хонандаи мактаб буда, оянда нақша доранд ба мисли модарашон соҳибмаълумот гардида, дар шукуфоии Тоҷикистони биҳиштосо саҳми арзандаи худро гузоранд.
Барои хизматҳои арзандааш дар пешрафту тараққиёти ноҳияи Хуросон Нуриниссо Подшоҳзода борҳо бо ифтихорномаю сипосномаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон сарфароз гардонида шудааст.
Дар интиҳои суҳбат ин зани қавиирода шукронаи ободиву гул-гулшукуфии Ватан карда, бо ифтихор иброз дошт, ки чун дар оилаи коргар ба дунё омадааст, дар тору пудаш ҳамеша ободкориву хизмат ба халқу Меҳан сиришта шудааст.
-Мо вазифадорем, ки дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас ҳиссаи арзандаи хешро гузорем ва фарзандонро дар рўҳияи ватандорию хештаншиносӣ ҳамчун сипари боэътимоди Ватан ба воя расонем,- мегӯяд Нуриниссо Подшоҳзода.
Сулаймон СУЛТОНОВ, ноҳияи Хуросон
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ”
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД
Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда
Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад