Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Омилҳои фаровонҳосилӣ
Мутахассисони соҳаи кишоварзию боғдорӣ гузаронидани чораҳои агротехникиро дар фасли зимистон барои ба даст овардани ҳосили хубу босифат аз дарахтони мевадиҳанда ва майдонҳои кишт зарур мешуморанд.
Ба гуфтаи профессор Саидалӣ Гулов ғизодиҳии дарахтони мевадиҳанда, нарм кардани зери онҳо, башаклдарорӣ ва буриши шохаҳо, обмонии захиравӣ ва яхобмонӣ дар фасли зимистон аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим буда, анҷом додани корҳои зерин мувофиқи мақсад мебошад.
-Аввал бо истифода аз нуриҳои фосфорӣ, калийдор ва органикӣ ба дарахтон бояд ғизо дод,- мегўяд С. Гулов. -Баъд аз он нарм кардани байни қатори дарахтон дар чуқурии 18-20 см ва атрофи танаи онҳо бо чуқурии 10-12 см тавсия дода мешавад.
Башаклдарорӣ ва буриши шохаҳо, ки он баъд аз пура карахт шудани дарахтон анҷом дода мешавад, дар танзими мевабандии онҳо ва зебо шудани намои зоҳирии дарахтон мусоидат намуда, барои ҷамъоварии ҳосил қулай мегардад.
-Мубориза зидди зараррасонҳо ва касалиҳо дар моҳи январ имконият медиҳад, ки дар вақти нашъунамо шохаҳои дарахтон бенуқс инкишоф ёфта, ба ҳосилбандӣ омода гарданд.
Барои ин заҳрхимикати дунок то 10-15-уми феврал, 15 рӯз пеш аз давраи нашъунамо истифодабарии карбамид (дар 100 литр 5-6 кг ва то 1200 гр даҳани фаранг) ҳашаротҳои боқимондаи зери хок ва касалиҳоро нобуд карда, илова бар ин барои сабзиши дарахтон ғизо мегардад, - таъкид мекунад профессор.
Саидалӣ Гулов обмонии захиравӣ ва яхобмониро дар боғу киштзорҳои дигар зироатҳои кишоварзӣ низ ба манфиат медонад. Бахусус, ин мавсим, ки зимистон хушк омад, дар ҳолати шабона сард нагардидан ҳам, обмонии захиравӣ барои паст кардани ҳарорати замин ва карахт нигоҳ доштани дарахт мусоидат намуда, имкони қафо партофтани давраи гулкунии дарахтонро ба вуҷуд меорад. Дар рӯзҳои сард бошад, яхобмонӣ ҳашаротҳои дар хокбударо нобуд гардонида, дар натиҷаи яхкунии замин таркиби қабати ҳосилхези хокро беҳтар менамояд.
-Агар чунин чорабиниҳои агротехникии зимистона бо риояи тавсияҳои зикргардида гузаронида шавад, дар оянда гирифтани ҳосили баланд ва хушсифат имконпазир мегардад. Ҳамаи ин тадбирҳо шароит фароҳам меоранд, ки мо дарахтонро аз боришоти баҳории барвақтӣ ва таъсири сардии он эмин нигоҳ дорем, - зикр менамояд С. Гулов.
Ин олими соҳа ҳамзамон маслиҳат медиҳад, ки дар фасли зимистон ду-се маротиба яхобмонӣ мувофиқи мақсад буда, он намнокии заминро дар вақти сабзиш таъмин мекунад.
Барои барқарор ва бунёди боғот бошад, шинонидани ниҳолон дар фасли тирамоҳу зимистон ҳангоми хушк ва карахт будани замин мувофиқ мебошад. Зеро ниҳолҳони шинонидашуда дар давоми фасли зимистон ба иқлим ва обу хоки ҳамон мавзеъ мутобиқ гардида, бо гармшавии ҳаво дар фасли баҳор ба сабзиш оғоз намуда, нашъунамои баъдии он хуб сурат мегирад. Шинонидани ниҳолҳои субтропикӣ, яъне анор, анҷир, хурмо, лимў бошад, дар баҳорон тавсия дода мешавад.
-Дар аввали баҳор 7-10 рӯз пеш аз гулкунӣ додани нуриҳои нитрогенӣ (селитраи аммиак) барои инкишофи минбаъда ва устувории ниҳол боис гардида, дар муддати кутоҳ фоидаи худро мерасонад. Баъд аз 10- 20-уми май то нимаи моҳи июн бошад, ҳатман карбамид бояд дод, - илова намуд Саидалӣ Гулов.
Анҷоми ин тадбирҳои агротехникӣ ба манфиати боғдорону кишоварзон буда, дар таъмини устувории сабзиши дарахтон то ба рӯёнидани ҳосили фаровону босифат заминаи боэътимод мегузорад.
М. Амонҷон
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
БОНУИ МАТИНИРОДА



